Закот

2258

Закоти баромада аз замин

Таърифи хориҷ шудан аз замин

Баромад аз замин

Ҳар чизе, ки аз замин барояд ва қобили баҳрагирӣ бошад.

Якум: Донаҷот ва меваҷот

Таърифи донаҷот ва меваҷот

Донаҷот

Ҳар донае, ки қобили захира бошад, монанди ҷав, гандум ва ғайра.

меваҷот

Ҳар мевае, ки қобили захира кардан бошад, монанди хурмо, кишмиш ва бодом

Ҳукми закоти донаҷот ва меваҷот

Закоти донаҷот ва меваҷот фарз аст, ба далели фармудаи Аллоҳи мутаъол: (Ҳаққи онро дар рӯзи хирман карданаш, бидиҳед) (Анъом 141)

ва низ ба далели фармудаи Набии акрам (с): (Дар он чӣ аз борон ва чашмасорҳо, обёрӣ мешавад ва ё аз ҷумлаи ушрӣ9 бошад, ушр (як даҳум) ва он чӣ бо об кашида [Он чӣ бидуни анборе, ё бо решаи худ ва ё ба василаи борон ва сели дарё, сероб шавад, онро гӯянд] обёрӣ мешавад, закоташ ними ушр мебошад) [Ба ривояти Бухорӣ].

Шартҳои фарзияти закоти донаҷот ва меваҷот

1. Қобилияти захира шуданро дошта бошад.

Агар захира нашавад ва аз хуроки рӯзона бошад, дар он закот нест, зеро сифати мол будан дар он чӣ қобилияти захира шуданро надорад, комил нест, ба хотири адами баҳрагирии комил аз он.

2. Аз ҷумлаи чизҳои паймонаи бошад:

Яъне, аз он чӣ, ки бо тарозӯ вазн шуданӣ ва ё паёмонаҳо низ қобили муқояса бошад.

Ин фармудаи Набии акрам (с) бар он далолат дорад: (Дар донаҷот ва хурмо, то ин, ки ба панҷ васақ нарасида, садақа нест [шаст соъ]) [Ба ривояти Муслим].

3. Агар аз ҷумлаи макил ва мавзун набуд:

монанди сабзиҷот, дар онҳо закот нест.

4. Ба нисоб расида бошад:

Яъне, ба миқдори панҷ васақ бошад, ба далели фармудаи Набии акрам (с): (Дар ҳубубот ва хурмо, то ин, ки ба панҷ васақ нарасад, садақа нест) [Ба ривояти Муслим].

Пас нисоб сесад соъи Набавист, ки баробари 612 кило гандуми хуб мешавад, маҳсулоти мухталифи як ҷинс аз маҳсулоти ҳамон сол бо ҳам ҷамъ мешавад, то нисобро такмил кунад, монанди анвоъи мухталифи хурмо, мисли:

сукарӣ бо барҳӣ ва ғайра бо ҳам якҷо мешавад, зеро ки он анвоъи мутааддиди як ҷинс ҳастанд ва барои такмили нисоб, як ҷинс бо ҷинси дигар, якҷо намешавад, наметавон гандумро бо ҷав ва ё гандумро бо хурмо дар такмили нисоб, якҷо кард.

Вақти вуҷуби закоти донаҷот ва меваҷот

Закот дар донаҷот, ҳангоме, ки донаҳояш сахт шуда ва дар меваҷот замоне, ки шакл гирифта, воҷиб мешавад, тавре ки мева қобили хурдан бошад.

Касе, ки донаҷот ва меваҷотро баъд аз вуҷуби закот бар онҳо фурухт, закоташ бар фурушандааст, зеро ки ӯ молики онҳо дар ҳангоми вуҷуби закот будааст.

Миқдори закоти воҷиб дар донаҷот ва меваҷот

1. Воҷиб ушр (10%) аст, дар он чӣ ки бидуни машақат ва бидуни масорифи обёрӣ, ҳосил мешавад, монанди обёрӣ бо оби борон ва оби чашмасорҳо.

2. Воҷиб ним ушр (5%) аст, дар он чӣ, ки бо машақат ва бо масориф обёрӣ шавад, монанди обёрӣ бо оби чоҳҳо.

3. Воҷиб се чаҳоруми ушр (5,7 %) аст, дар он чӣ, ки бо маҷмуъи онҳо обёрӣ шавад, монанди ин, ки гоҳе бо оби борон ва аҳёнан бо оби чоҳ, обёрӣ шуда бошад.

Ва далелаш фармудаи Набии акрам (с): (Дар он чӣ аз оби борон ва рудхонаву чашмасорҳо, обёрӣ шуда, ушр аст ва дар он чӣ ба василаи сония [Шутуре, ки ба василаи он аз чоҳ об мекашанд], яъне, шутур аз оби чоҳ обёрӣ шуда, ними ушр мебошад) [Ба ривояти Муслим].

Нобуд шудани донаҷот ва меваҷот

Агар донаҷот ва ё меваҷот бидуни тақсири соҳибаш, нобуд гардид, закоте бар онҳо нест.

Агар баъд аз вуҷуби закот, онҳо ба сабаби тақсир ва ё таҷовузи ӯ, нобуд гардид, закоти онҳо, соқит намешавад, балки закот бар вай воҷиб мешавад.

Шарт нест
Барои закоти маҳсулоти кишоварзӣ ва меваҷотя, гузашти як сол шарт намебошад, ба далели фармудаи Аллоҳи мутаъол: (Ҳаққи онро дар рӯзи хирман кардашан, бидиҳед) (Анъом 141).
Масоил

1. Дар асал закот нест, зеро ки аз Расули акрам (с) ҳеҷ ривояте ворид нашудааст ва он чӣ дар ин маврид омада, аз Умари Форӯқ (р) аст, ки аз гандуҳои асал посдорӣ карда ва аз онҳое, ки аз онҳо асал бардоштаанд, ушр, ё даҳяк гирифтааст, бинобарин дар асал закот воҷиб нест, вале агар касе ба ризояти худ, закоти онро бидиҳад, беҳтар аст.

Шояд боиси фузӯнии занбурҳои асал ва низ афзоиши маҳсули асалаш гардад. Аммо ин, ки гуфта шавад, лозимӣ буда, ки бо тарки он гунаҳгор мешавад, далеле бар он вуҷуд надорад.

2. Касе, ки заминер ба иҷора гирифт ва дар он ба кишти зироат иқдом кард, закоти маҳули кишоварзӣ бар иҷорагиранда аст, на бар малики замин.

3. Гирифтани қимат аз закот ва ё гирифтаи закот аз қимати хурмо ва ё маҳсули кушоварзӣ, ки ба фуруш расида, мухолифи шариат набуда, балки агар ба он ниёз бошад ва ё маслиҳати он буда, аз умури шаръӣ ба шумор меравад.

Дуввум: Маъодин ва ганҷҳо

Таърифи маъданҳо ва ганҷҳо

Маъдан

Он чӣ, ки аз замин истихроҷ шавад ва аз ҷинсаш набошад, монанди тилло, нуқра, оҳан, сангҳои гаронбаҳо, сирб ва ғайра маводи хоме, ки аз замин истихроҷ мешавад.

Ганҷҳо

Моле, ки ба василаи инсон, дар зери замин мадфун бошад, монанди тилло, нуқра ва ғайра.

Ҳукми закоти маъодин ва ганҷҳо

Воҷиб аст, ба далели фармудаи Худованди мутаъол: (Эй касоне, ки имон овардаед! Аз покиҳои он чӣ касб кардаед, инфоқ кунед ва низ аз он чӣ барои шумо аз замин хориҷ кардем) (Бақара 267)

ва фармудаи Набии акрам (с): (Ва дар ганҷҳо панҷ як мебошад) [Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим].

Шартҳои закоти ганҷҳо

Барои закоти ганҷҳо, шартҳое вуҷуд дорад, агар касе молики он шуд, бояд закоти онро ба таври мубошир, хориҷ созад

Миқдори закоти воҷиб дар маъданҳо ва ганҷҳо

Закоти воҷиб дар онҳо, агар миқодораш кам бошад ва ё бисёр, хумс, ё панҷ як мебошад, ба далели фармудаи Набии акрам (с): (Ва дар ганҷҳо, хумс аст) [Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим].

Санги маъдании хом
Оҳани хом
Нуқраи хом
Маъдин тилло