Закот

2022

Закоти нақдайн

Таърифи нақдайн

Нақдайн

Тилло ва нуқра ва он чӣ аз арзҳои қоғазии роиҷи имрӯз, ки қоимақоми онҳо бошад.

Ҳукми закоти нақдайн

Воҷиб аст, ба далели фармудаи Аллоҳи мутаъол: (Ва касоне, ки тилло ва нуқраро захира карда, ганҷ месозанд ва онҳоро дар роҳи Худо харҷ намекунанд, барояшон аз азоби дарднок башорат бидеҳ) (Тавба 34).

Ва низ ба далели фармудаи Набии акрам (с): (Ҳар соҳиби зару симе, ки ҳаққи онро намедиҳад, дар рӯзи қиёмат бо тахтаҳои оташине, ки дар оташи дузах сӯзон шуда, паҳлӯҳо, пешонӣ ва пушти ӯро доғ мекунанд, ҳар замоне, ки сард шуд, бори дигар гарм мекунанд, дар рӯзе, ки баробари панҷоҳ ҳазор сол аст, то ин, ки миёни бандагон қазоват шавад, то роҳи худро бубинад, ки ё ба сӯи биҳишт ва ё ба сӯи дузах мебашад) [Ба ривояти Муслим].

Шартҳои вуҷуби закоти нақдайн

1. Гузашти як сол бар онҳо.

2. Моликияти комил ба он.

3. Ба нисоб расидан.

Нисоби закоти нақдайн

1. Нисоби тилло: Бист динор (85 грамм) ва динори тилло баробари чаҳор ва рубъ грамм аст, нисоби тилло ба грамм 4,25×20=85 грамм тиллои холис.

2. Нисоби нуқра: Дар сад дирҳам (595 грамм) ва дирҳами нуқра = 2,975 грамм, нисоби нуқра ба грамм 2,975 ×200=595 грам нуқраи холис.

3. Нисоби пули қоғазӣ (банкнота): бар пояи қимати тилло ва нуқра дар вақти хориҷ кардан, ҳисоб мешавад. Агар ба нисоби яке аз онҳо расид, закоташ воҷиб мешавад.

Ба таври мисол: Агар як грам тилло = 30 доллар буд, закот замоне бар вай воҷиб мешавад, ки молики 85×30=255 доллар бошад.

Авроқи қиматдор
Нуқра
Тилло

Миқдори закоти нақдайн

Миқдори закоти воҷиб дар тилло ва нуқра ва қағазҳои қиматдор: Рубъи ушр =2,5 мебошад

Дар ҳар бист динор тилло бояд ним динор тилло закот бидиҳад ва ба ҳар миқдое, ки афзоиш ёбад ва ё кам шавад, ба ҳамон андоза ҳисоб мешавад.

Дар дар ҳар ду сад дирҳам нуқра бояд панҷ дирҳам закот бидиҳад ва изофа аз он ба ҳамин гуна ҳисоб мешавад, ба далели фармудаи Набии акрам (с): (Агар 200 дирҳам доштӣ ва як сол бар он сипарӣ шуд, дар он панҷ дирҳам аст, дар тилло то бист динор нарасида, бар ту закоте нест. Агар молики бист динор шудӣ ва муддати як сол бар он сипарӣ шуд, дар он ним динор аст ва бар мозода ба ҳамон андозаи ҳисобаш, закот аст) [Ба ривояти Абӯдовуд] .

- Намунаи амалӣ :

Марде молики 9000 доллар аст, бар он –дар ҳоли моликияташ- як сол гузашт, оё бар он закот аст?

Якум: Нисоби закотро бо таваҷҷуҳ ба тилло ва ё нуқра чунин ҳисоб мекунем:

Нисоб = 85 грамм тиллои холис.

=85× нархи тиллои холис дар рӯзи вуҷуби закот, фарз мекунем, ки як грамм тилло = 30 доллар.

=85×30=2550 доллар.

Нисоб= 2550 доллар мебошад, бинобарин дороии ин мард ба нисоб расида ва як сол бар он гузашта, пас бар он закот воҷиб шудааст.

Дуввум: Миқдори закоте, ки ихроҷаш бар вай воҷиб аст, аз ин қарор мебошад:

Миқдори закот =2,5%

=9000×2,5÷100=225 доллар.

Бинобарин бар ин мард воҷиб аст, то 225 доллар аз мадраки дороии худ ба ҳисоби закот бипардозад.

Закоти зеварот

Зеварот ду навъ аст: Зевароти тиллои ва нуқрагӣ ва зевароти ғайри тиллои ва нуқрагӣ.

1. Зевароти тиллоӣ ва нуқрагӣ

Бахши аввал: Зевароте, ки барои захира карда ва ганҷсозӣ ва ё ба ғарази тиҷорат сохта шуда, дар он закот воҷиб аст.

Бахши дуввум: Зевароте, ки барои истеъмол сохта шуда, ихроҷи закот аз назари эҳтиёт ва бароати зимма аст.

Зане назди Набии акрам (с) омад ва духтараш ду гарданбанд ва ё дастбанди тилло ба даст дошт, низ ҳамроҳаш буд.

Он ҳазрат (с) барояш фармуд: (Оё хуш мешавӣ, ки Аллоҳи мутаъол ба сабаби он ду, дастбанди оташин бароят дар рӯзи қиёмат бигардонад), гуфт: он ду аз дастонаш кашида ба сӯи Набии акрам (с) андохта ва гуфт: (Ин ду барои Аллоҳи мутаъол ва Расулаш (с) бошад) [Ба ривояти Абӯдовуд].

Бархе аз уламо дар зеварот, закотро воҷиб намедонанд, зеро ки ин зеварот моле, ки ғараз аз он нумӯ бошад, нест, балки васоили шахсӣ буда, ки мавриди истеъмол ва баҳрагирӣ қарор мегирад, монанди либосҳо асосия ва молҳое, ки зимни ниёзмандиҳо ва зинати зан аст.

Асл дар закот, нумӯ ва рушд аст ва ё қобилияти рӯшди он мебошад, то закот дар он лозим гардад.

Ва ихроҷи закот за назари эҳтиёт бар зеваротест, ки ба манзури истеъмоли мубоҳ ва зиннат сохта шуда, зеро, ки ин гуфтаи эҳтиёт ва бароати зиммаро мадди назар доштааст,

ба далели фармудаи Набии акрам (с): (Он чӣ туро дар шак меандозад, ба сӯи он чӣ туро дар шак намеандозад, тарк кун) [Ба ривояти Бухорӣ].

Зевароти тиллоӣ
Зевароти нуқрагӣ

2. Зевароти ғайри тиллоӣ ва нуқрагӣ

Монанди алмос, ёқут, марворид ва ғайра. Дар инҳо закот нест ҳар чанд киматаш ғаззоф бошад, магар ин, ки барои тиҷорат буда, ки дар ин ҳол, зимни молҳои тиҷоратӣ шомил мешавад.

Ёқут
Алмос
Лӯлӯ