Намоз

2533

Намози нафлӣ

Таърифи намози нафл

Намози нафлӣ

Намози машрӯъ ғайр аз воҷиб

Бартарии намози нафлӣ

1. Намоз нафлӣ сабаби муҳаббати Аллоҳи мутаъол ба бандааш мебошад, чунон чӣ дар ҳадиси Қудсӣ омадааст,

ки Аллоҳи мутаъол муфармояд: (Ва бандаи ман ҳамчунон бо навофил ба ман тақарруб меҷӯяд,то ин, ки вайро дӯст медорам, агар дӯст доштам, ман гӯши шунавои ӯ мебошам ва низ чашми биноии ӯ мешавам ва низ дасти ӯ мешавам, ки бо он ба қувват мегирад ва низ пои ӯ мешавам, ки бар он роҳ меравад ва агар аз ман чизе бихоҳад, барояш ато мекунам ва агар талаби паноҳ кунад, ба вай паноҳ медиҳад) [Ба ривояти Бухорӣ].

2. Намози нафлӣ, камбуди фароизро ҷуброн мекунад, чунончӣ Набии Акрам (с) фармуданд:(Нахустин чизе, ки дар рӯзи қиёмат мардум аз аъмолашон мавриди муҳосаба қарор мегиранд, намоз аст, Парвардигори мо ба фариштагонаш --дар ҳоле, ки ӯ донотар аст-, мефармояд: Ба намози бандаам бингаред, оё комил карда ё камбуд дорад? Агар комил хонда бошад, барояш комил навишта мешавад ва агар чизе аз он ноқис буд, мефармояд: бубинед, оё банда нафле хондааст? Агар нафле вуҷуд дошт, мефармояд: ҳисоби фарзро аз нафли вай тамом кунед, пас ба ҳамин минвол аъмолаш бозхост мешавад). [Ба ривояти Абӯдовуд]

3. Намози нафл дар хона беҳтараст :

Адои намози нафл дар хона нисбат ба масҷид бартарӣ дорад, магар он чӣ, ки дар он ҷамоат машрӯъ бошад, монанди намози таровеҳ дар Рамазон.

Набии акрам (с) фармуданд: (Беҳтарин намози шахс намозест, ки дар хонааш мехонад, магар ин, ки намози фарзӣ бошад). [Ба ривояти Бухорӣ]

Анвоъи намози нафл

Намози нафл анвоъи зиёде дорад, ки муҳимтарини онҳо азин қарор аст:

Якум: Суннатҳо равотиб

Ва он суннатҳоест, ки вобаста ба фарз мебошад.

Маҷмӯъи суннатҳои равотиб даҳ ва ё ёздаҳ ракаъат мебошанд, азин қарор:

- Ду ракаъат қабл аз фаҷр.

- Ду ва ё чаҳор ракаъат қалб аз намози зуҳр ва ду ракаъат баъд аз он.

- Ду ракаъат баъд аз намози мағриб.

- Ду ракаъат баъд аз ишо.

Аз Ибни Умар (р) ривоят аст, ки гуфт: (Ман аз Набии акрам (с) даҳ ракаъатро ҳифз кардам: Ду ракаъат қабл аз зуҳр ва ду ракаъат баъд аз он ва ду ракаъат баъд аз мағриб дар хонаашон ва ду ракаъат баъд аз ишо дар хонаашон ва ду ракаъат қабл аз намози фаҷр).[Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим]

Монанди он аз Ойиша (р) низ ривоят шуда, магар ин, ки қабл аз зуҳр чаҳор ракаъат зикр кардааст. [Ба ривояти Муслим]

Суннати қаблӣ Намози фарзӣ Суннати баъдӣ
Ду ракаъат Фаҷр -------------
4 ракаъат Зуҳр Ду ракаъат
------------- Аср -------------
------------- Мағриб Ду ракаъат
------------- Ишо Ду ракаъат

Муаккадтарин суннатҳои равотиб, ки Набии акрам (с) дар сафару иқоматашон ба он мувозибат кардаанд, ду ракаъати фаҷр аст,

чунон чӣ дар ҳадиси Ойиша (р) омада, ки гуфтааст: (Набии акрам (с) бар ҳеҷ аз навофил мувозибати шадид монанди ду ракаъати фаҷр надоштанд).[Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим]

Ва суннат онаст, ки дар он бидуни он, ки ба воҷиботаш ихлол кунад, тахфиф намояд, чунон чӣ аз Ойиша (р) ривоят шуда, ки гуфт: (Он ҳазрат (с) ду ракаъати қалб аз намози фаҷрро бисёр тахфиф мехонд, ба гӯнае, ки мегӯфт, оё уммулкитоб –Фотиҳа-ро хондаанд?) . [Ба ривояти Бухорӣ]

Ҳамон тавре, ки қазои он низ ҷавоз дорад, ба далели фармудаи он ҳазрат (с): (Касе, ки ду ракаъат фаҷрро нахонда, бояд баъд аз тулуъи хуршед онро бихонад). [Ба ривояти Тирмизӣ]

Баъд аз ишо
Қазои суннати фаҷр дар рӯз
Баъд аз мағриб
Қабл аз фаҷр
Қабл аз зӯҳр ва баъд аз он

Дуввум: Намози витр

Ҳукми витр ва фазоили он

Витр воҷиби муаккад аст. Он ҳазрат (с) фармуданд: (Худованд тоқаст, витро дӯст медорад, пас намози витр бихонед эй аҳли Қуръон). [Ба ривояти Абӯдовуд]

Васфи витр:

1. Ақали витр як ракаъат аст ва аксараш ёздаҳ ва ё сездаҳ ракаъатаст, ки намозгузор ду ду ракаъат мехонад, сипас як ракаъат хонда, витр мехонад.

2. Камтарин камол се ракаъат аст: ду ракаъат хонда салом медиҳад, сипас як ракаъати дигар хонда салом медиҳад ва метавонад се ракаъатро муттасил ба як ташаҳҳуд бихонад ва назди баъзе имомҳо, се ракаъатро бо ду ташаҳҳуд мехонад.

Мустаҳаб аст, ки дар ракаъати аввал сураи Аъло ва дар ракаъати дуввум сураи Кофирун ва дар ракаъати саввум Ихлосро бихонад,

ба далели он чӣ аз Убай бин Каъб (р) ривоят шуда, ки гуфт: (Расули Аллоҳ (с) дар ракаъати аввали витр ( سبح اسم ربك الأعلى ) ва дар дуввум (قل ياأيها الكافرون ) ва дар саввум (قل هو الله أحد) ро мехонд). [Ба ривояти Насойи]

Вақти витр:

Баъд аз намози ишо то тулӯъи фаҷр, адои витр дар сулси охири шаб афзалият дорад, ба далели фармудаи Набии акрам (с) (Намози охири шаб машҳуд аст). [Ба ривояти Муслим]

Дуо дар витр:

Дар ракаъати охири витр дуо машрӯъ гардида, қабл аз рукӯъ ва ё баъд аз баланд шудан аз рукӯъ, дастони худро баланд карда, дуои ворида дар ин заминаро мехонад, ки аз он ҷумла аст:

- (اللهم انا نستعينك، ونستهديك، ونستغفرك ونتوب إليك ونؤمن بك ونتوكل عليك، ونثني عليك الخير كله، نشكرك ولانكفرك، نخلع ونترك من يفجرك، اللهم إياك نعبد ولك نصلى ونسجد، وإليك نسعى ونحفد، نرجو رحمتك ونخشى عذابك ، إن عذابك بالكفارملحق) الفقه الإسلامي وأدلته: 1/810

- (اللهم اهدني فيمن هديت، وعافني فيمن عافيت، وتولني فيمن توليت، وبارك لي فيما أعطيت، وقني شر ما قضيت، فإِنك تقضي ولا يقضي عليك، إِنه لا يذل من واليت، ولا يعز من عاديت، تباركت ربنا وتعاليت). [Ба ривояти Тирмизӣ]

Масоил

1. Суннат аст, ки баъд аз намози витр бигӯяд: (سبحان الملك القدوس) [Ба ривояти Аҳмад] ,

се бор ва дар бори саввум садои худро баланд намуда дароз кунад ва метавонад: ( رب الملائكة والروح) [Ба ривояти Бухорӣ] ро бо он зиёд кунад.

2. Масҳ кардан рӯй бо дастон баъд аз дуо, на дар витр ва на дар ғайри витр, машрӯъ намебошад, зеро ки аз Набии акрам (с) дар ин маврид ҳадиси саҳеҳе ворид нашудааст.

Қазои витр дар рӯз
Қазои витр дар рӯз машрӯъ аст ва қазояш ҷуфт мебошад, зеро, ки аз Ойша (р) ривоят шуда, ки Расули Аллоҳ (с) ҳаргоҳ намози шаб аз эшон ба сабаби нохушӣ ва ғайра қазо мешуд, дар рӯз дувоздаҳ ракаъат мехонданд [Ба ривояти Муслим].

Саввум: Намози таровеҳ

Ва таровеҳ: намози шаб дар Рамазон мебошад ва ба таровеҳ номгузорӣ шуд, зеро, ки дар миёни ҳар чаҳор ракаъат ба хотири тули ракаъатҳо, барои роҳат, таваққуф мекарданд.

Фазилати намози таровеҳ

Набии акрам (с) фармуданд: (Касе, ки Рамазонро аз рӯи имон ва ҳисоби аҷр назди Худо ба рӯза ва қиёми шаб сипарӣ кард, гуноҳони гузаштааш бахшида мешавад) [Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим].

Ҳукми намози таровеҳ:

Таровеҳ суннати муаккада буда, ки Расули Аллоҳ (с) онро дар моҳи мубораки Рамазон машрӯъ кардаанд, зеро Набии акрам (с) бо Саҳобаи киром чанд шабе намоз хонданд,

сипас аз бими он, ки бар онон фарз шавад, тарк карданд ва баъд аз Паёмбар (с) Саҳобаи киром онро адо карданд. [Ба ривояти Муслим]

Адади ракаъоти намози таровеҳ:

Бархе гуфтаанд, ки бист ракаъат аст. Аз Соиб бин Язид (р) ривоят аст, ки гуфт: Дар аҳди Умар бин Хаттоб (р) дар моҳи Рамазон бист ракаъат мехонданд.

Ҳамчунин гуфт: Бо оромӣ мехонданд.

Ва бархе дигар гуфтаанд: Ёздаҳ ракаъат аст.

Масоил

1. Тарки он чӣ аз қиёми шабона одат дорад, макрӯҳ аст. Аз Абдуллоҳ бин Амр бин Ос (р) ривоят аст, ки гуфт:

Расули Худо (с) фармуданд: (Эй Абдуллоҳ! Монанди фалон машав, шабона барои намоз бармехост, сипас қиёми шабонаро тарк кард). [Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим]

Бедор шудан барои намоз

2. Барои мард мустаҳаб аст, ҳангоме, ки шабона барои намози шаб бедор мешавад, ҳамсарашро низ барои намози шаб бедор кунад ва агар зан бедор шавад, шавҳарашро низ бедор кунад,

ба далели фармудаи он ҳазрат (с) (Агар мард ҳамсарашро ба намози шаб бедор кунад, пас он ду - ва ё яке онҳо- ду ракаъат намоз бихонад, ҳар ду дар ҷумлаи зокирин ва зокирот навишта мешаванд). [Ба ривояти Абӯдовуд]

3. Касе, ки дар намози шаб, хоб бар вай ғалаба кунад, бояд намозро гузошта бихобад, то ин ки хоб аз вай биравад.

Аз Ойша (р) ривоят аст, Набии Акрам (с) фармуданд: (Агар яке аз шумо дар намоз пинакӣ рафт, бояд бихобад, то ин, ки хоб аз вай биравад). [Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим]

Хоб бар ӯ ғолиб шудааст

4. Дуо ва талаби мағфират дар сулси охири шаб, мустаҳаб аст, ба далели ривояти Абӯҳурайра (р), ки гуфт:

Расули Худо (с) фармуданд: (Аллоҳи мутаъол дар сулси охири шаб ба осмони дунё фуруд омада мегӯяд: (касе, ки маро бихоҳад барояш иҷобат мекунам, касе, ки талаби мағфират мекунад, ӯро мавриди мағфират қарор медиҳам)). [Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим]

Чаҳорум: Намози Зуҳо (ишроқ)

Ва он намозест, ки дар вақти зуҳо, машрӯъ гардид ва вақти зуҳо аз тулуъи хуршед ва баланд шуданаш ба андозаи як найза мебошад- ин миқдор иртифоъи хуршед дар ҳудуди саввум ҳиссаи як соат мебошад- ки то заволи хуршед, идома дорад.

Вақти Зуҳо

Фазилати намози Зуҳо:

Аллоҳи мутаъол дар ҳадиси қудсӣ мефармояд: (Эй фарзанди одам! барои ман дар аввали рӯз чаҳор ракаъат намоз бихон, туро дар охири он кифоят мекунам). [Ба ривояти Муслим]

Адади ракаъоти намози Зуҳо:

Ҷавоз дорад, ки намози Зуҳоро ду ракаъат ва ё чаҳор ракаъат ва ё шаш ракаъат ва ё ҳашт ракаъат бихонӣ, зеро ки Набии акрам (с) чунин кардаанд.

Панҷум: Намози таҳияи масҷид

Ва он ду ракаъат барои касе, ки ба масҷид дохил мешавад, машрӯъ аст ва қалб аз нишастан онро бихонад.

Ва далелаш фармудаи Набии акрам (с): (Агар яке аз шумо ба масҷид дохил шуд, бояд қабл аз нишастан, ду ракаъат намоз бихонад). [Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим]

Суннати ротиба ва ё намози фарзе аз он кифоят мекунад, пас касе, ки дохили масҷид барои адои зуҳр гадид, пас суннати зуҳрро хонд, аз намози таҳияи масҷид низ кифоят мекунад ва бар вай таҳияи масҷид намебошад.

Таҳияи масҷид

Шашум: Намози истихора

Ҳаргоҳ банда дар коре аз корҳо мутараддид гардид, қабл аз ин, ки ба он иқдом кунад, ду ракаъат намоз бихонад.

Он ҳазрат (с) ёронашро омӯзиш медоданд, монанди он, ки сурае аз Қуръонро омӯзиш медоданд.

Дуои истихора:

Набии акрам (с) фармуданд: (Агар яке аз шумо дар коре ирода мекунад, бояд ду ракаъат намози ғайр аз фарзе бихонад, пас аз он бигӯяд: (اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْتَخِيرُكَ بِعِلْمِكَ، وأَسْتَقْدِرُكَ بِقُدْرَتِكَ، وَأَسْأَلُكَ مِنْ فَضْلِكَ الْعَظِيمِ، فَإِنَّكَ تَقْدِرُ وَلاَ أَقْدِرُ، وَتَعْلَمُ وَلاَ أَعْلَمُ، وَأَنْتَ عَلاَّمُ الْغُيُوبِ، اللَّهُمَّ إِنْ كُنْتَ تَعْلَمُ أَنَّ هَذَا الأَمْرَ خَيْرٌ لِي فِي دِينِي وَمَعَاشِي وَعَاقِبَةِ أَمْرِي -أَوْ قَالَ عَاجِلِ أَمْرِي وَآجِلِهِ- فَاقْدُرْهُ لِي، وَيَسِّرْهُ لِي، ثُمَّ بَارِكْ لِي فِيهِ،وَإِنْ كُنْتَ تَعْلَمُ أَنَّ هَذَا الأَمْرَ شَرٌّ لِي فِي دِينِي، وَمَعَاشِي، وَعَاقِبَةِ أَمْرِي -أَوْ قَالَ فِي عَاجِلِ أَمْرِي وَآجِلِهِ- فَاصْرِفْهُ عَنِّي وَاصْرِفْنِي عَنْهُ، وَاقْدُرْ لِي الْخَيْرَ حَيْثُ كَانَ، ثُمَّ أَرْضِنِي -قَالَ- وَيُسَمِّى حَاجَتَهُ)).[ Ба ривояти Бухорӣ]

Аломати истихора

Такрори истихора боке надорад ва шарт нест, ки истихоракунанда хоб бинад, ки дар мавриди коре, ки истихора карда, баён шавад, балки дар коре, ки мавриди назараш мебошад, иқдом намуда ба пеш биравад.

Модоме, ки он гуноҳ ва ё қатъи силаи раҳм набошад. Пас агар итмом ёфт, барояш хайр буда ва агар итмом наёфт, низ барояш хайр будааст.

Ҳафтум: Ду ракаъат намоз баъд аз вузӯ

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят шуда, ки Набии акрам (с) дар ҳангоми намози фаҷр фармуданд: (Эй Билол! Ба ман бигӯ аз коре, ки дар Ислом кардӣ, зеро, ки ман садои кафшҳои туро дар пеши рӯям дар биҳишт шунидам), гуфт: (ман коре накардаам, ки наздам умедворкунанда бошад, танҳо ҳаргоҳе, ки вузӯ мекардам, чӣ дар рӯз буд ё шаб, ҳар чанд ракаъате, ки метонистам, ба он вузӯ намоз мехондам). [Ба ривояти Бухорӣ]

Нафли мутлақ

Онаст, ки муқайяд ба замону сабаб намебошад ва намози нафлии мутлақ дар ҳар вақт дуруст аст, магар дар вақтҳое, ки намоз хондан дар он манъ шудааст.

Мисолҳои нафли мутлақ (Шабхезӣ)

Набии акрам (с) фармуданд: (Баъд аз фарз, намози бартар, намози шаб аст). [Ба ривояти Муслим]

Ва ҳамчунин он ҳазрат фармуданд: (Дар биҳишт утоқҳоест, ки берун аз дарун ва дарун аз беруни он дида мешавад. Араби бодиянишине баланд шуд ва гуфт: Барои чӣ касест, эй Расули Худо (с)? Фармуданд: барои касоне, ки сухани хуб гӯяд ва таъом бидиҳад ва мудовим рӯзадор бошад ва барои Аллоҳ намоз бихонад, дар ҳоле, ки мардум дар хоб бошанд). [Ба ривояти Тирмизӣ]

Шабхезӣ аз нигоҳи тиб
Шабхезӣ мунҷар ба кам шудани ҳирмуни куртизул (ки ҳамон куртизули табиъии ҷисм аст) ба вижа чанд соат қабл аз бедор шудан, мегардад, ки ҳамин вақт бо вақти сахархезӣ (сулси охири шаб) баробар аст, тавре, ки аз афзоиши ногаҳонии қанд дар хун, ҷилавгирӣ мекунад, чаро, ки афзоиши ногаҳонии қанд дар хун барои беморони қанд, хатарнок мебошад.

Авқоти наҳй аз намоз хондан

1. Баъд аз намози субҳ, то баъд аз тулуъи хуршед ва баланд шуданаш ба андозаи як найза, ки ба таври одӣ тақрибан сулси як соат мешавад.

2. Аз ҳангоме, ки хуршед дар васати осмон бошад, то ин, ки майлон кунад.

3. Аз намози аср, то ин, ки хуршед ғуруб кунад.

Ва далели он ҳадиси Уқба бин Омираст, ки гуфт: (Се вақтест, ки Расули Аллоҳ (с) аз намоз хондан ва гур кардани мурдагони мо дар онҳо, манъ кардаанд: ҳангоми тулуъи хуршед то ин, ки баланд шавад ва ҳангоми зуҳр то ин, ки хуршед андаке аз он ҳолат майлон кунад ва ҳангоме, ки хуршед ба ғуруб наздик шавад, то ин, ки комилан ғуруб намояд). [Ба ривояти Муслим]