Намоз

1979

Ҳикмат дар кусуфу хусуф

Таърифи кусуф ва хусуф

Хуршедгирифтагӣ

Рафтани нури хуршед ва ё бархе аз он дар рӯз.

Моҳтобгирифтагӣ

Рафтани нури моҳтоб, ё бархе аз он дар шаб.

Ҳикмат дар кусуфу хусуф

Хуршед ва моҳ, ду ояте аз оёти Аллоҳи мутаъол аст, ки бо он бандагонро бим медиҳад, то ба сӯи Худо баргарданд.

Он ҳазрат (с) фармуданд: (Барои хуршеду моҳ, ба маргу зиндагии касе гирифтагӣ рӯх намедиҳад, балки онҳо дӯ аломате аз аломоти Аллоҳи мутаъол ҳастанд, ки бо онҳо бандагонашро бим медиҳад. Ҳаргоҳ гирифтагӣ рух дод, ба сӯи намоз бишитобед). [Ба ривояти Абӯдовуд]

Ҳукми намози кусуф ва хусуф

суннати муаккада буда, ба далели фармудаи он ҳазрат (с): (Хуршеду моҳ, ду аломате аз аломоти Аллоҳи мутаъол буда, ки ба маргу зиндагии касе, гирифтагӣ барои онҳо рӯх намедиҳад. Ҳаргоҳ гирифтагии онҳоро дидед, ба дуои Аллоҳ ва такбиргӯи ва намозхонӣ ва садақа додан бипардозед). [Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим]

Вақти намози кусуф ва хусуф

- Вақти намоз аз оғози кусуф ва ё хусуф, то поён ёфтанаш мебошад.

- Намозгузор намозашро ба итмом мерасонад, агар чӣ хусуфу кусуф пеш аз он поён ёфта бошад. Агар намоз поён ёфт қабл аз ин,

ки хусуф ва ё кусуф поён ёфта бошад, намозро дубора намехонад, балки ба дуо ва истиғфор, идома медиҳад.

Васфи намози кусуфи хуршед

Аз Ойша (р) ривоят аст, ки гуфт: (Дар замони Расули Аллоҳ (с) хуршедгирифтагӣ рух дод, Расули Аллоҳ (с) бо мардум намоз хонданд, ба қиём истдода, дарозаш карданд, сипас рукуъи дароз намуданд, пас аз он ба қиём бахоста, боз ҳам қиёмро дароз карданд, на монанди аввал, баъд аз он рукуъи дароз карданд, на монанди аввал, пас аз он ба саҷда рафта, саҷдаи дароз карданд, баъд аз он ракаъати дуввумро низ монанди ракаъати аввал адо карданд, сипас ба намоз поён доданд, дар ҳоле, ки офтоб равшан шуда буд. Баъд аз он ба мардум хутба эрод карданд, ҳамду сипоси Аллоҳи мутаъолро гуфта фармуданд: (хуршеду моҳ, ду аломате аз аломоти Аллоҳи таъоло буда, ки ба маргу зиндагии касе гирифтагӣ барои онҳо рӯх намедиҳад. Ҳаргоҳ гирифтагии онҳро дидед, ба дуои Аллоҳ ва такбиргӯи ва намозхонӣ ва садақа додан, бипардозед). [Ба ривояти Бухорӣ]

Бинобарин агар кусуфу хусуф рӯх дод:

1. Барои намоз ин тавр нидо мекунанд: (الصلاة جامعة).

2. Ҳаргоҳ мардум ҷамъ шуданд, имом бо онҳо ду ракаъат намоз мехонад, ба садои баланд қироат мекунад.

Дар ракаъати аввал сураи Фотиҳаро бо сураи дарози дигар мехонад, пас аз он рукуъи дароз мекунад, баъд аз он бо гуфтани (سمع الله لمن حمده، ربنا ولك الحمد),

аз рукуъ баланд шуда, бори дигар сураи Фотиҳаро бо сураи дигаре, ки андаке аз сураи аввал кӯтоҳтар бошад, мехонад, пас аз он рукуъ мекунад, андаке кӯтоҳтар аз рукуъи аввал, баъд аз он бо гуфтани (سمع الله لمن حمده، ربنا ولك الحمد),

аз рукуъ баланд мешавад, сипас ду саҷдаи дароз мекунад ва дар миёни он ду мешинад, вале дароз намекунад,

пас аз он такбиргӯён аз саҷдаи дувум балан мешавад ва ракаъати дуввумро монанди ракаъати аввал бо қиём ва рукуъу саҷдааш мехонад ва нисбат ба ракаъати аввал андаке кӯтоҳтар, пас аз он менишинад ва ташаҳуд хонда, салом медиҳад.

Бархе аз аҳли илм ба ҷавози як рукуъ дар ҳар ракаъат низ сухан гуфтаанд.

Суннатҳои намози кусуф ва хусуф:

1. Намози кусуфро бо ҷамоат бихонад ва агар ба танҳои хонад, боке надорад.

2. Дар масҷид бошад, мамонеъате дар мавриди мушорикати занон вуҷуд надорад.

3. Намозро бо қиём ва рукуъу суҷудаш, дароз кунад, магар ин, ки кусуф, ё хусуф поён ёбад, пас намозро кӯтоҳ бихонад.

4. Қиём ва рукуъу суҷуди ракаъати дуввумро нисбат ба аввал, кӯтоҳтар кунад.

5. Баъд аз намоз ба мавъиза бипардозад, ба мардум аз қудрати Аллоҳи мутаъол ва баёни ҳикмати кусуф сухан бигӯяд ва мардумро ба анҷоми тоъот ва тарки мункарот, барангезад.

6. Дуо ва тазарруъ ва зорию истиғфор, бисёр гӯяд ва садақа ва соири аъмоли солиҳа низ бисёр кунад, то ин, ки Аллоҳ таъоло гирифтагиро поён диҳад.

7. Баланд кардани дастон дар дуои кусуф, ҷавоз дорад, ба далели ҳадиси Абдурраҳмон бин Сумраҳ (р), ки гӯфт: (ман ба назди он ҳазрат (с) омадам, ки эшон дар ҳоли қиём дастонашонро баланд карда буданд). [Ба ривояти Муслим]

Раҳнамоиҳо

1. Намоз хонда намешавад, агар хусуфу кусуф дониста нашуд, магар баъд аз поён ёфтани онҳо.

2. Шиносоии сабаби хусуфу кусуф ба василаи илми асрӣ, ба ин матлаб осебе намерасонад, ки он ду аломате аз аломатҳои Аллоҳи мутаъол аст, ки ба бандагонаш бим медиҳад, пас шоистаи ҳар мусалмон аст, то дар ҳолати вуқуъи он ба ибодат ва тазарруъ ба Худо машғул гардад, на дар паи назар ва расди кусуфу хусуф гардад.

Аз Абӯбакраҳ (р) ривоят аст, ки гуфт: Хуршедгирифтагӣ дар аҳди Расули Худо (с) рух дод, он ҳазрат дар ҳоле, ки саросема буд ва ридояшро мекашонид, берӯн шуд..) ки ин худ далели шиддати биму тарси он ҳазрат (с) буд.

3. Дарёфти ракаъат дар намози кусуф бо дарёфти рукуъи аввал аст, пас касе, ки рукуъи аввал аз ӯ гузашт, вале рукуъи дуввумро дарёфт, ин ракаъат аз вай фавт шуда маҳсуб мешавад, ки бояд баъд аз салом додани имом, онро ба ҳамон васфе, ки гуфта шуд, такмил кунад.

4. Кусуф агар чӣ дар авқоти наҳй аз намоз рӯх дод, намози кусуф хонда мешавд.

5. Намози кусуф ва хусуф, ба муҷарради шоэъаи хабари он, хонда намешавад, балки вуқуъи онро бо вазоҳат мушоҳида кунанд.