Рӯза

2000

Рӯзаи нафлӣ

Таърифи рӯзаи нафлӣ

Рӯзаи нафлӣ

Ҳар рӯзае, ки воҷиб набуда, инсон ба хотири тақарруб ба Аллоҳи мутаъол ба он иқдом мекунад.

Ва дар рӯзаи нафлӣ фазилату савоби бузургест.

Дар ҳадиси қудсие, ки аз Абӯҳурайра (р) ривоят шуда, Расули Аллоҳ (с) фармудаанд: (Ҳар амали фарзанди одам чанд баробар аст, як ҳасана даҳ баробари он, то ҳафсад баробараш подош дорад, Аллоҳи мутаъол мефармояд: магар рӯза, ки барои ман аст ва ман подоши онро медиҳам) [Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим].

Рӯзҳое, ки рӯза доштан суннат аст

1. Шаш рӯз аз моҳи Шаввол

Ба далели фармудаи Набии акрам (с): (Касе, ки рамазонро рӯза гирифт, пас аз он шаш рӯзи Шавволро, рӯзааш монанди рӯзаи даҳр хоҳад буд) [Ба ривояти Муслим]

баробараст, ки паиҳам гирад, ё мутафариққа.

2. Нуҳ рӯз аз рӯзҳои авоили Зулҳиҷҷа

Ба далели фармудаи Набии акрам (с): (Ҳеҷ рӯзҳое нест, ки амали солеҳ назди Аллоҳ маҳбубтар азин рӯзҳо бошад- яъне рӯзҳои даҳгона), гуфтанд, эй Расули Аллоҳ (с) ! ва ҷиҳод дар роҳи Худо низ чунин нест? Фармуданд: (ва ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ низ чунин нест, магар ин, ки марде бо ҷону молаш барои ҷиҳод хориҷ шавад ва бо ҳеҷ як аз онҳо барнагардад) [Ба ривояти Бухорӣ]

ва рӯзи муаккади он, рӯзи Арафа аст, ки рӯзаи он барои ғайри Ҳоҷӣ- рӯзи нуҳуми Зулҳиҷҷа- муҳим аст, ба далели фармудаи Набии акрам (с): (Рӯзаи рӯзи Арафа, гумон мекунам бар Аллоҳи мутаъол, ки каффораи гуноҳони соли гузашта ва соли пас аз онро бошад) [Ба ривояти Муслим].

3. Рӯзаи рӯзи Ошӯро бо як рӯз пеш аз он

Ошӯро

Рӯзи даҳуми моҳи Муҳаррами Худо

Ба далели фармудаи Набии Акрам (с): (Рӯзаи рӯзи Ошӯро, гумон мекунам, ки каффораи гуноҳони як сол қабл бошад) [Ба ривояти Муслим]

Ва сабаби рӯза гирифтан аз Абдуллоҳ бин Аббос (р) ривоят шуда, ки фармуд: (Набии акрам (с) ба Мадина омаданд ва диданд, ки Яҳуд дар рӯзи Ошӯро рӯза мегиранд, фармуданд: ин чист? Гуфтанд: ин рӯзи хубест, дар ин рӯз Аллоҳи мутаъол Бани Исроилро аз душманош наҷот дод, пас Мӯсо (а) рӯза гирифтанд. Фармуданд: ман ба Мӯсо ҳақдортар ҳастам нисбат ба шумо! Пас рӯза гирифтанд ва амр карданд ба рӯза доштанаш), [Ба ривояти Бухорӣ]

ва дар ривояти Муслим, он ҳазрат (с) фармуданд: (Агар то соли оянда будам, рӯзи нуҳумро низ рӯза мегирам) [Ба ривояти Муслим].

4. Рӯзҳои бизи (сафед) ҳар моҳ

Рӯзҳои биз

Ҳамон рӯзҳои сездаҳум ва чаҳордаҳум ва понздаҳуми ҳар моҳи ҳиҷрӣ қамарӣ ва ба номи биз ном ниҳода шуда, зеро ки шабҳояш бо равшании моҳтоб ба сафедӣ мезанад.

Ба далели он чӣ, ки аз Абдулмалик бин Минҳол, аз падараш ривоят шуда, ки бо Набии акрам (с) буда, ки фармуд:

Набии акрам (с) ба онҳо амр мекард, то дар рӯзҳои биз рӯзадор бошанд ва мефармуданд, ки: (он ба манзалаи рӯзаи даҳр аст) [Ба ривояти Ибни Ҳиббон].

5. Рӯзаи рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе аз ҳар ҳафта

Ба далели он чӣ аз Абӯҳурайра (р) ривоят шуда, ки Расули Аллоҳ (с) фармуданд: (Аъмол дар рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе пешкаш мешавад, пас дӯст медорам, ки амали ман дар ҳоле, ки рӯзадор бошам, пешкаш шавад) [Ба ривояти Тирмизӣ].

6. Рӯза доштани якрӯз ва надоштани рӯзи дигар

Беҳтарин рӯзаи нафлӣ, рӯзаи Довуд (а) аст, ки як рӯз рӯзадор буданд ва рӯзи дигар, ифтор мекарданд.

Аз Абдуллоҳ бин Амр (р) ривоят аст, ки фармуданд: (Маҳбубтарин рӯза назди Аллоҳи мутаъол, рӯзаи Довуд (а) буд, ки як рӯз рӯза медошт ва рӯзи дигар, ифтор мекард) [Ба ривояти Насои].

7. Рӯзаи моҳи Муҳаррам

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят шуда, ки фармуд: Расули Аллоҳ (с) фармуданд: (Беҳтарин рӯза, баъд аз Рамазон, рӯзаи моҳи Аллоҳ, Муҳаррам аст) [Ба ривояти Муслим].

8. Рӯзаи моҳи Шаъбон

Аз Усома бин Зайд (р) ривоят аст, ки фармуд: Арз кардам: (Эй Расули Аллоҳ! Шуморо надидаам, ки дар моҳҳои дигар, монанди Шаъбон, рӯзадор бошед! Фармуданд: ин моҳе, ки миёни Раҷаб ва Рамазон аст, мардум аз он ғофиланд. Ин моҳест, ки аъмол ба Парвардигори ҷаҳониён бардошта мешавад, ман дӯст медорам, ки амали ман дар ҳоле, ки рӯзадор бошам, баланд карда шавад) [Ба ривояти Насои].

Рӯза аз нигоҳи тиб
Рӯза барои дармони бемориҳои ҷилдӣ муфид аст ва иллаташ ҳам инаст, ки нисбати обро дар хун кам мекунад, ки дар натиҷа нисбати об дар ҷилд коҳиш меёбад ва боиси ҳифозати ҷилд ва муқовиматаш дар баробари микробҳо ва бемориҳои сирояткунанда ва микробӣ мешавад.
Нияти рӯзаи нафлӣ
Барои рӯзаи нафлӣ аз шаб ният доштан, воҷиб нест, агар барои инсон пеш аз ин, ки чизе бихурад, нияти рӯза доштанро кард, дуруст аст, ба далели ҳадиси модари мӯминон, Ойишаи Сиддиқа (р), ки фармуд: (Расули Аллоҳ (с) рӯзе ба ман фармуданд: Эй Ойиша! Он назди шумо чизе ҳаст? гуфт, ки гуфтам: Эй Расули Аллоҳ (с)! назди мо чизе нест, фармуданд: пас ман рӯзадор ҳастам) [Ба ривояти Муслим]