Таҳорат

2050

Зарфҳо

Таърифи зарфҳо

Зарфҳо

Зарфҳое, ки дар онҳо об нигаҳдорӣ мешавад ва ғайри он

Истеъмоли ҳар навъ зарф барои хӯрдан ва нӯшидан ва ё ғайри он, мубоҳ буда, ҷуз зарфҳои тиллои ва нуқрае, ки ҷузъиёти бештари он аз ин қарор аст:

Истеъмоли зарфҳои тиллои

1. барои хӯрдан ва нӯшидан

Истеъмоли онҳо ҳаром аст ба далели фармудаи Паёмбар (с): “Дар зарфҳои тиллойи ва нуқрагӣ, манӯшед ва дар косаҳояш, ғизо махӯред, зеро дар дунё барои онҳост ва дар охират барои мо мебошад” [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].

Ва ба далели фармудаи Паёмбар (с): “Касе, ки дар зарфи нуқрагӣ, менӯшад, дар шикамаш оташи дӯзах, ҷирҷир мекунад” [ Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].

Хӯрдан дар зарфи нуқрагӣ
Хӯрдан дар зарфи тиллой

2. дар ғайри хӯрдан ва нӯшидан

Истеъмоли онҳо дар ғайри хӯрдан ва нӯшидан, монанди вузӯ кардан ва ғайра, ҷавоз дорад, ба далели мунҳасир будани ҳукми ҳадиси қаблӣ бар хурдан ва нӯшидан ва низ ба ривояти собит омада, “ки Умми Салама (р) зарфи нуқрагӣ дошт, дар он чанд мӯ аз мӯйҳои Набии акрам (с)ро нигаҳдорӣ мекард” [Ба ривояти Бухорӣ].

Офтобаи нуқрагӣ барои вузӯ

Истеъмоли зарфҳои пайвандшуда бо нуқра

Истеъмоли зарфҳои пайвандшуда бо нуқраи кам барои намоз, ҷавоз дорад, ба далели ин, “ки ливони Набии акрам (с) шикаста буд, ба ивази он мавзеъ занҷире аз нуқраро, ба кор бурданд” [Ба ривояти Бухорӣ].

Истеъмоли зарфҳои пайвандшуда бо нуқра
Истеъмоли тилло барои мардон
Барои мардон истеъмоли тилло ҷоиз нест, ба далели ривояти Абӯмӯсо Ашъарӣ (р) ин, ки Расули акрам (с) фармуданд: “Пӯшидани либоси абрешимӣ ва тилло бар мардони уммати ман, ҳаром шуда ва барои занон, ҳалол шудааст” [Ба ривояти Тирмизӣ].