Таҳорат

1802

Масҳ ба мӯзаҳо ва ҷуробҳо ва ҷабира (чизи басташуда ба захм) ва бинт ва монанди он.

Аввал: масҳ бар мӯзаҳо ва ҷурабҳо

Таърифи мӯза ва ҷуроб

Мӯза

Он чӣ аз чарм буда ва дар по мепӯшанд

Ҷурабҳо

Он чӣ аз пахта ва монанди он буда ва дар пой мепӯшанд.

Ҳукми масҳ бар мӯзаҳо ва ҷурабҳо

Масҳ бар мӯзаҳо ва ҷурабҳо, ҷоиз аст, ба далели аҳодиси зиёде, ки вуҷуд дорад, аз ҷумла: он чӣ аз Анас бин Молик (р) ривоят шуда, ки аз вай дар мавриди масҳ бар мӯзаҳо пурсида шуд, ки фармуд: «Расули Аллоҳ (с) бар онҳо масҳ мекард» [ Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].

Шартҳои масҳ бар мӯҷаҳо ва ҷурабҳо

1. Бояд, ки пас аз вузуи комил пӯшида бошад. Аз Муғира (р) ривоят шуда, ки фармуд: «Дар сафаре бо Набии акрам (с) ҳамроҳ будам, хостам мӯзаҳоро аз пойҳояш берун кунам, фармуданд, бигузор, ман онҳоро бо вузу дохил карда будам», пас бар онҳо масҳ карданд» [ Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].

2. Бояд мӯзаҳо буҷулакҳоро бипӯшонанд, лизо бар он чӣ камтар аз буҷулакҳоро бипӯшонад, масҳ намешавад, зеро лафзи қадам бар он итлоқ намешавад.

3. Бояд мӯзаҳо аз чизи пок сохта шуда бошад ва низ ба андозае захомат (ғафс) дошта бошад, ки битавон бо онҳо ба роҳ рафтан, идома дод.

4. Бояд аз мубоҳот бошад, яъне аз чизҳое набошад, ки истеъмоли он барои мардон ҳаром бошад, монанди абрешим барои мардон.

5. Бояд масҳ дар хилоли муддати таъйиншуда бошад, зеро Расули акрам (с) барои масҳи мӯзаҳо муддати муайян баён намудаанд (Як шабу рӯз барои муқим ва се шабу рӯз барои мусофир), ки набояд аз он таҷовуз кард.

6. Масҳ бояд дар таҳорат аз ҳадаси кӯчак бошад, на ҳадаси бузург. Аз Сафвон бин Ассол (р) ривоят аст, ки фармуд: «Расули Аллоҳ (с) замоне, ки дар сафар будем, амр мекарданд, то мӯзаҳои худро масҳ кунем ва онҳоро аз бевузу шудан ба иллати бавлу ғоит ва хоб, аз по накашем, магар ин, ки ҷанобат рух дода бошад» [ Ба иттифоқи Бухорӣ].

Ба ин маъно, ки ҷунуб бояд мӯзаҳоро барои ғусл кардан, бикашад ва сипас бори дигар онро бипӯшад.

Чигунагии масҳ бар мӯза ва ҷурабҳо

Бо ду дасти худ, ки дар об тар шуда бошад, масҳро бар рӯи мӯза аз ангуштон оғоз мекунад ва ба сӯи соқи по мекашад. Бо дасти рост, пои росташро масҳ ва бо дасти чап, пои чапашро, масҳ мекашад.

Кафи мӯза ва ақиби мӯзаро, масҳ намекашад, ба далели фармудаи Алӣ (р): «Агар дин бар пояи фикр ва назар мешуд, масҳ кашидан бар кафи мӯза, беҳтар аз масҳ бар рӯи мӯза буд, Расули Аллоҳ (с)ро дидам, ки бар рӯи мӯзаҳояшон масҳ мекарданд» [ Ба ривояти Абӯдовуд].

Масҳ бо ду даст

Муддати масҳ кардан бар мӯзаҳо ва ҷурабҳо

Як шабу рӯз барои муқим ва се шабу рӯз барои мусофир.

Ва далелаш фармудаи Алӣ (р): «Расули Аллоҳ (с) се шабу рӯзашро барои мусофир ва як шабу рӯзро барои муқим таъйин кард» [ Ба ривояти Насоӣ].

Ҳисоб кардани муддати масҳ

Оғози муддати масҳ аз ҳангоми нахустин масҳ баъд аз ҳадас (бетаҳоратшудан) аст, замоне, ки ҷурабҳоро пас аз таҳорат пӯшид, баъд аз он барояш ҳадас,

яъне бевузугӣ рӯх дод ва баъди он барои нахусттн бор масҳ кашид, аз ибтидои ҳамин масҳ ба муддати як шабу рӯз (24 соат), масҳ ҳисоб мешавад.

Мисоли он: Марде вузу кард ва пойҳояштро шуст, пас аз он ҷурабҳоро пӯшид ва намози фаҷрро хонд, дар соати даҳи субҳ бевузӯ шуд, сипас дар соати ёздаҳ барои намози зуҳо вузӯ карда, бар ҷурабҳояш масҳ кашид,

барои ин мард, ҷоиз аст, то ҳамчунон дар ҳангоми вузу ба масҳ бар ҷурабҳояш то соати ёздаҳи рӯзи баъдӣ, идома диҳад.

Ин барои муқим аст, аммо барои мусофир ин муддат се шабу рӯз мебошад.

Шиканандаҳои масҳ бар мӯза ва ҷӯрабҳо

1. Поён ёфтани мудати масҳ.

2. Кашидани ҷурабҳо ва ё яке аз онҳоро аз пой.

3. Вуқуи хадаси бузург, яъне ҷанобат.

Аз Сафвон бин Ассол (р) ривоят шуда, ки фармуд: «Расули Аллоҳ (с) замоне, ки дар сафар будем, амр мекарданд, ки мӯзаҳои худро, масҳ кунем ва онҳоро баъд аз шикастани вузу ба иллати бавл ва ғоит ва хоб, аз по накашем, магар ин, ки ҷанобат рух диҳад» [Ба ривояти Тирмизӣ].

Ба ин маъно, ки ҷунуб бояд мӯзаҳоро барои ғусл кардан бикашад ва сипас бори дигар онро бипӯшад.

Масҳи кафи мӯза
Масҳи ақиб
Кашидани ҷураб масҳро мешиканад.

Дуввум: Масҳ бар ҷабира ва исоба ва барчаспҳо

Таърифи ҷабира ва асоба ва барчаспҳо (лекопласт).

Ҷабира

Гаҷ ва ё тахтаҳо ва монанди он, ки бар мавзеъи шикаста, баста мешавад.

Исоба

Он чӣ, ки бар мавзеъи захм, ё сухта барои дармон, печонида мешавад, чӣ порча бошад, ё монанди он.

Барчаспҳо

Он чӣ барои дармон бар захм ва монанди он, часпонда мешавад.

Далели шаръияти масҳ бар ҷабира

Аз Ҷобир (р) ривоят аст, ки фармуд: «Барои сафар хориҷ шудем, марде аз миёни мо, санге ба сараш исобат намуда, захм бардошт, пас аз он эҳтилом шуд ва аз ҳамроҳонаш пурсид: оё бароям рухсате барои таяммум кардан мебинед? Гуфтанд: бароят рухсате намебинем, дар ҳоле, ки тавони истеъмоли обро дорӣ? Пас ғусл кард ва сипас вафот кард. Ҳангоме, ки назди Расули Аллоҳ (с) омадем, аз мавзуъ бохабар шуданд ва фармуданд: ӯро куштанд, Худо онҳоро бикушад, агар намедонистанд, бояд мепурсиданд, зеро суол кардан шифои беморист, бароя таяммум кофӣ буд, бар захм ё порча мегузоштанд, пас ба он болои он масҳ мекард ва соири баданашро, мешуст» [Ба ривояти Абӯдовуд].

Шартҳои масҳ бар ҷабира ва исоба ва барчаспҳо

1. Шарт дар мавриди исоба ва ҷабира онаст, ки аз мавзеъи дармон ва атрофаш, ки барои ҷобаҷо карданаш зарурӣ аст, бештар таҷовӯз накунад.

2. Барои гузоштани ҷабира ва исоба болои захм, доштани вузӯ шарт нест, ҳамчунин барои масҳ бар он, муддате шарт намебошад, то замоне, ки ба вуҷуди исоба ва ҷабира, ниёз бошад, барояш масҳ кардан аз хадаси кӯчак ва бузург, ҷавоз дорад.

Ба муҷаррради бениёзӣ аз онҳо, бояд онҳоро дӯр кунад ва дар ҳини вузӯ кардан, он узвро бишӯяд.

3. Дар мавриди барчаспҳо ва исоба ва монанди он, агар кандан ва бозкарданашон осон бошад, чунин бояд кард:

А- Якум: Агар ба осонӣ канда шуда ва мавзеъи он шуста шавад, бидуни ин, ки зараре ва таъхире дар шифоёбӣ рӯх диҳад, онро бармедорад ва мавзеъи зери онро шуста, сипас боз мебандад.

Б- Дуввум: Агар ба осонӣ канда нашавад, то мавзеъи зери онро бишӯяд, бидуни ин, ки зараре ва таъхире дар шифоёбӣ бошад, ҳангоми шустани узве, ки бар он қарор дорад, метавонад масҳ бикашад.

Чигунагии масҳ бар ҷабира ва исоба

Агар вузукӯнанда ба узве, ки ҷабира ё исоба вуҷуд дорад, бирасад, гирди онҳоро бишӯяд, бар онҳо аз ҳар сӯяш, масҳ бикашад, агар бархе аз ин ҷабира ва ё исоба аз аъзои вузӯ, ки шустанаш воҷиб набошад, дар ин ҳолат ниёзе ба масҳ нест.

Мисоли он: Марде бар пояш исоба баста, ки бархе аз он ба соқи пояш расидааст, дар чунин вазъе бар он бахше, ки бояд мешӯст, масҳ кунад ва бар бахши дигараш, ки дар соқи пояш қарор дорад, масҳ намекашад.

Чигунагии масҳ бар исоба
Чигунагии масҳ бар ҷабиар
Чигунагии масҳ бар барчаспҳо