Таҳорат

2477

Пасхӯрдаҳо

Таърифи пасхӯрдаҳо

Пасхӯрдаҳо

Он чӣ дар зарф пас аз нӯшидан, боқӣ мемонад.

Асл дар пасхӯрдаҳо, пок будан аст, магар ин, ки далеле бар наҷосаташ далолат кунад, монанди зер:

1. Пасхӯрдаҳои пок

А. Пасхурдаи инсон

Ба далели он чӣ, ки собит шуда: “Набии акрам (с) пасхӯрдаи Ойиша (р)ро дар ҳолати қоъидагияш (ҳайз) менӯшиданд ва даҳонашонро ба мавзеъи даҳони ӯ мегузоштанд” [Ба ривояти Муслим].

Пасхӯрдаи инсон

Б. Пасхӯрдаи гурба

Ба далели фармудаи он ҳазрат (с) дар мавриди гурбае, ки аз зарфе нӯшида буд: “Палид нест, балки аз онҳоест, ки бар шумо ворид мешаванд” [Ба ривояти Тирмизӣ].

Пасхӯрдаи гурба

Ҷ. Пасхӯрдаи ҳайвоне, ки гӯшташ хӯрда мешавад ва хачиру хар ва дарандагону парандагони дарранда ва монанди онҳо

Пок аст, зеро ки асл дар ашё, покии онҳост ва ҳеҷ далеле бар наҷосати онҳо нест, ба далели ин, ки Набии акрам (с) бар хар савор мешуданд ва дар замони эшон, харсаворӣ вуҷуд дошт.

Пасхӯради парандагони ҷориҳа (даранда)
Пасхӯрдаи хар
Пасхӯрдаи дарандагон
Пасхӯрдаи ҳайвоне, ки гӯшташ хӯрда мешавад

2. Пасхӯрдаҳои палид

А. Пасхӯрдаи саг

Ба далели фармудаи он ҳазрат (с): “Покии зарфи шумо агар саг онро билесад, инаст, ки ҳафт бор ва нахусташ бо хок бошад, шуста шавад” [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].

Пасхӯрдаи саг

Б. Пасхӯрдаи хук

Қиёс бар саг, зеро ҳар ду (зотан) наҷас мебошанд.

Пасхӯрдаи хук