Таҳорат

2565

Таяммум

Таърифи таяммум

Таяммум дар луғат

Қасд ва таваҷҷуҳ ба сӯи чизе

Таяммум дар шариат

Масҳи рӯй ва дастон бо хок, ба ғарази таҳорат.

Ҳукми таяммум

Таяммум воҷиб аст ҳангоми набудан ва ё ҳангоми маҳол шудани истеъмоли об барои он чӣ, ки таҳорат воҷиб мебошад, монанди намоз.

Таяммум мустаҳаб аст барои он чӣ ки таҳорат мустаҳаб аст, монанди қироати Қуръон.

Далелҳои машруъ будани таяммум

Аллоҳи мутаъол фармудааст: «Агар обро пайдо накардед, пас таяммум кунед ба хоки пок, пас масҳ кунед аз он ба рӯйҳоятон ва дастҳоятон». (Моида 6).

Набии акрам (с) фармуданд: «Панҷ чиз ба ман ато шуда, ки ба касе пеш аз ман дода нашуда, бо биму ҳарос бар зидди душман, кӯмак шудаам, ки масофааш масири якмоҳа роҳ мебошад, замин бароям пок гардонида шуда, пас ҳар як умматамро вақти намоз бирасад, бояд, ки намоз бихонад» [Ба ривояти Бухорӣ].

Ҳикмати машруияти таяммум

1. Осонӣ бар уммати Муҳаммад (с).

2. Ҷилавгирӣ аз осебе, ки мумкин аст аз асари истеъмоли об дар баъзе ҳолатҳо буруз кунад, монанди беморӣ ва ё шиддати сармо ва ё монанди он.

3. Идомаи иртибот бо ибодат ва адами муқотаъаи он ба сабаби набудани об.

Кадом вақт таяммум ҷавоз дорад?

1. Замоне, ки об пайдо нашавад

Ба далели фармудаи Аллоҳи мутаъол: «Обро агар пайдо накардед, пас таяммум кунед»(Моида 6).

Ба инсоне бидуни ҷустуҷӯ, обноёфта, гуфта намешавад.

2. Замони нотавонии истеъмоли об, ҳар чанд, ки мавҷуд бошад

Монанди бемор ва ё бузургсоле, ки наметавонад ҳаракат кунад ва касе ҳам нест, ки вайро дар вузу доданаш, ёрӣ диҳад.

Солхурдагӣ
Бемор

3. Агар бими осеб аз истеъмоли об вуҷуд дошта бошад

Аз он ҷумла:

Якум: Беморе, ки агар об истеъмол кунад, беморияш афзоиш меёбад.

Дуввум: Шахсе, ки дар сармои шадид бошад ва васоили обгармкун надорад, ба гумони ғолиб агар ғусл кунад, бемор мегардад .

ба далели он чӣ собит шуда, «Набии акрам (с) ба феъли Амр бин Ос, ки дар сармои шадид, таяммум кард ва бо ҳамроҳонаш, намоз хонда будро, дуруст шумориданд» [Ба ривояти Абӯдовуд].

Саввум: Ҳаргоҳ дар ҷои дуре бошад, ки оби ошомидании каме дар ихтиёр дорад ва тавони овардани оби бештаре надорад.

Васфи таяммум

1. Бо ду дасташ ба замин як зарба бизанад.

2. Пас аз он барои кам шунаи ғубор, онҳоро пуф кунад.

3. Баъд аз он рӯяшро якбор ба он масҳ кунад.

4. Сипас бо ду дасташ бори дигар ба замин зарба занад.

5. Пас аз он барои кам шудани ғубор, онҳоро пуф кунад.

6. Баъд аз он бо кафи дасти чап, аз пушти ангуштони дасти рост, масҳро оғоз кунад ва ба сӯи оринҷ бикашад ва сипас масҳро аз рӯи оринҷ ба сӯи банди даст,

идома диҳад, пас аз он пушти дасти чапро бо рӯи кафи дасти рост, то оринҷ масҳ намуда, сипас аз дохил ба сӯи банди даст, баргардонад.

7. Пас аз он пушти дастонашро масҳ кунад, пушти дасти рост бо кафи дасти чап ва баъд аз он пушти дасти чапро бо кафи дасти рост.

Ва далели васфи таяммум, фармудаи Набии акрам (с): «Таяммум ду зарба ҳаст, зарба барои рӯй ва зарбаи дигар, барои дастон то оринҷҳо». [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим] (Мустадрак бар Саҳеҳайн).

Бо дастонаш ба хок занад.
Хокро аз дастонаш пуф кунад
Масҳи рӯй
Дастаи чапро бо дасти рост масҳ кунад
Дасти ростро бо дасти чап масҳ кунад.

Фарзҳои таяммум

1. Масҳ рӯй.

2. Масҳи кафайн

3. Бархе аз аимма афзудаанд:

4. Ният.

5. Тартиб: бо масҳи рӯй оғоз мешавад ва пас аз он масҳи кафайн.

6. Пайҳам: дастонашро пас аз рӯяш, беист, масҳ кунад.

Шиканандаҳои таяммум

1. Мавҷудияти об.

2. Вуқуъи яке аз шиканандаҳои вузу, монанди хуруҷи бод.

3. Вуқуъи он чӣ ғуслро воҷибv кунад, монанди эҳтилом.

4. Зоил шудани узре, ки ба хотири он таяммум ҷоиз шуда буд, беморӣ бошад, ё монанди он.

Касе, ки об наёбад
Фавоид
Аз нигоҳи илм ба исбот расида, ки хоки замин дар миёни зарроташ ҳовии модаи покест, ки метавонад, анвоъи микробҳоро аз байн мебарад ва тавони аз миён бардоштани ҳар навъ микроб ва ё вирусро дорад.

Масоил

1. Намоз хондан бо таяммум ҳангоми нотавонӣ бар об, беҳтар аз онаст, ки бо вузуе намоз хонад, ки аз фишори қазои ҳоҷати бавл ва ё ғоит, ранҷ барад.

2. Таяммум бар девор ва қолине, ки бар он хок ва ё ғубор нишаста бошад, ҷоиз аст.

3. Бо як таяммум метавонад, ҳар миқдор намозҳои фарзӣ ва нафлӣ, ки хостааст, бихонад, магар ин, ки яке аз шиканандаҳои таяммум воқеъ шавад.

4. Вузукунанда, метавонад бар ақиби таяммумкунанда дар намоз, иқтидо кунад, «ба далели дуруст шуморидан бар амали Амр бин Ос, ки дар сармои шадид, таяммум кард ва бо ҳамроҳонаш, намоз ба ҷамоат хонд» [Ба ривояти Абӯдовуд].

5. Касе, ки таяммум кард ва намоз хонд, пеш аз поёни вақти намоз, об пайдо шуд, намозро аз сари нав намехонад.

Аз Абӯсаъиди Хузрӣ (р) нақл шуда, ки фармуд: «Ду марде ба сафар баромаданд, фақти намоз фаро расид, обе барои вузу надоштанд, ба хоки пок таяммум карда намоз хонданд ва қабл аз поёни вақт, обро ёфтанд, яке аз онҳо вузу карда намозро аз сари нав адо кард ва дуввум иъодаи вузу ва намоз накард, пас аз аз он назди Расули Аллоҳ (с) омада, ҳолатро ёдовар шуданд. Он ҳазрат (с) барои касе, ки намозро дубора нахонда буд, фармуданд: Ту ба суннат амал кардӣ, намози ду дуруст буд ва барои касе, ки вузу карда намозашро аз сар хонда буд, фармуданд: “барои ту дубор подош аст» [Ба ривояти Абӯдовуд].

6. Ҳар, ки таямммум кард, ва дар аснои намоз, ё қабл аз он, об пайдо шуд, бояд ки ба об вузу кунад, ба далели фармудаи Набии акрам (с): «Хоки пок барои мусалмонон таҳур аст, агар даҳ сол ҳам обро наёбад, агар обро пайдо кард, бояд мавзеи вузуи пусташро тар кунад, ин кор барояш беҳтар аст» [Ба ривояти Тирмизӣ].

7. Ҳеҷ чизе монеъи намози мусалмонон намешавад ва намозро аз вақташ таъхир намекунад, агар об барои вузу наёфт ва ё аз истеъмоли он, оҷиз буд.

таяммум мекунад, агар аз таяммум кардан ҳам оҷиз шуд, бидуни таҳорат намоз мехонад.

8. Касе, ки туҳрайн (об ва хок)ро наёфт, бидуни таҳорат намозро дар авқоташ бихонад ва бар вай иъода лозим нест, ба далели фармудаи Аллоҳи мутаъол: «Аз Аллоҳ битарсед, ба андозаи тавоноиятон». (Тағобун 16)

9. Барои касоне, ки умеди пайдо шудани обро дорад, таъхири таяммум то охири вақт ҷавоз дорад, аммо агар аз ёфтари об маъюс бошад,

барояш мустаҳаб аст, ки дар аввали вақт таяммум кунад, зеро, ки беҳтарини намоз, ҳамоно намозхондан дар аввали вақташ, мебошад.

10. Агар касе аз бими хуруҷи вақти намоз бо мавҷудияти об, таяммум кунад, ҷавоз надорад, балки вузу барояш воҷиб аст, ҳар чанд вақти намоз хориҷ шавад.

Касе, хок наёбад
Таяммум
Бар қолин таяммум, дуруст аст.