Таҳорат

2765

Ғусл

Ғусл дар луғатТаърифи ғусл

Равон кардани об бар чизеро гӯянд

Ғусл дар шариат

Равон кардани об бар бадан, ба васфи махсус, ба ғарази ибодат барои Аллоҳи мутаъол.

Муҷиботи ғусл

1- Хориҷ шудани манӣ

Ва манӣ: оби сафед ва тираест, ки ба шаҳват ва шиддат хориҷ мешавад ва сустӣ дар пай дорад. Бӯяш монанди бӯи тухм вайроншуда аст.

Ба далели фармудаи Худованди мутаъол: (Ва агар ҷунуб будед, худро хуб пок кунед) (Моида 6)

ва ба далели фармудаи он ҳазрат (с) ба Алӣ (р): (Агар ба шиддат хориҷ шуд, бояд ғусл кунӣ) [Ба ривояти Абӯдовуд].

Масоил . . .

1. Агар эҳтилом шуд ва манӣ хориҷ нашуд, бар вай ғусл нест, агар пас аз бедор шуданаш манӣ хориҷ шуд, ғусл лозим аст.

2. Агар маниро дар либосаш дид, вале эҳтиломро ба хотир надошт, бар вай ғусл воҷиб аст, ба далели хуруҷи манӣ аз вай.

Набии акрам (с) фармуданд: (Об аз об аст) [Ба ривояти Муслим]. Яъне ғусл аз хуруҷи манист.

3. Агар дар олати таносулии худ, харакати маниро эҳсос кард, вале манӣ хориҷ нашуд, пас ғусле бар вай лозим нест.

4. Агар манӣ ба иллат ва ё ба сабаби беморӣ, бидуни шаҳват, хориҷ шавад, ғусл бар вай нест.

5. Агар ҷунуб буд ва ғусл кард, пас аз он аз вай манӣ хориҷ шуд, дубора ғусл бар вай воҷиб нест, зеро ки ин хуруҷи манӣ ба таври ағлаб бидуни шаҳват аст ва барои эҳтиёт вузу бикунад.

6. Вақте аз хоб бархост, либосашро тар ёфт, вале сабаб ва иллате дар хотир надошт, аз се ҳолат холӣ нест:

- Якум: Мутаяққин бошад, ки ин тарии либос аз манист, ғусл бар вай воҷиб аст, баробар аст, ки эҳтиломро дар хотир дорад, ё надорад.

- Дуввум: Мутаяққин шуд, ки ин тарии либосаш аз манӣ нест, ғусл бар вай воҷиб нест ва ҳукми он монанди ҳукми пешоб аст.

- Саввум: Дар манӣ ва ё набудани он шак дошт, бар вай таҳқиқ лозим аст, агар ба хотараш омад, ки манист, пас ҳукми маниро дорад ва агар ба хотираш омад.

ки тарии либосаш мазист, пас ҳукми мазиро дорад ва агар ҳеҷ чизро ба хотир надошт, ба унвони эҳтиёт, ғусл бар вай, воҷиб мешавад.

7. Агар маниро дар бадан ва либосаш ёфт, эҳтиломро ба хотир надошт, бар вай ғусл лозим аст ва ҳамчунин намозҳоеро, ки баъд аз охирин хобаш хонда, дубора намехонад.

2- Омезиш (ҳамбистарӣ)

Олати таносулии марду зан дар вазъе боҳам бошад, ки сари олати мард ба дохили фарҷи зан, пинҳон гардад, агар чӣ манӣ инзол нашавад, ба далели фармудаи он ҳазрат (с): (Агар мавзеъи хатна таҷовуз кунад мазеъи хатнаро, ғусл воҷиб шудааст) [Ба ривояти Тирмизӣ].

3- Исломи кофир

Зеро, (ки Набии акрам (с) ба Қайс бин Осим, ҳангоме, ки мусалмон шуд, амр фармуданд, то ғусл кунад.)[ Ба ривояти Абӯдовуд]

4- Инқитоъи хуни ҳайзу нифос

Ба далели фармудаи Ойиша (р), ин ки Набии акрам (с) ба Фотима бинти Абӯҳубайш фармуданд: (Вақте ҳайз пеш оят, намозро тарк кун ва ҳаргоҳ баргашт ва таваққуф кард, ғусл кун ва намозро адо намо) [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].

Ва нифос ба иҷмоъ ҳукми ҳайзро дорад.

5- Марг

Ба далели фармудаи он ҳазрат (с) дар ҳадиси ғусл додани Зайнаб, духтари он ҳазрат, ҳангоме ки вафот ёфт: (Се бор бишӯед ва ё панҷ бо ва ё бештар аз он, бишуед, агар лозим дидед) [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].

Васфи ғусл

Воҷиб дар ғусл, равон кардани об дар бадан, ба ҳар васфе, ки бошад, ба ғарази ғусл кардан, вале мустаҳаб аст, ки аз васфи ғусли Набии акрам (с) пайравӣ кунад,

чуноне, ки модари мӯминон Ойиша (р) баён фармуд: (Обе барои покӣ аз ҷанобат ба Расули Аллоҳ (с) гузоштанд, бо дасти росташ ба дасти чапаш ба ду бор ё се бор об рехт, пас аз он олати таносулиашро шуст ва баъд аз он бо дасташ ду бор ё се бор замин ва ё ба девор зад, пас аз он мазмаза ва истиншоқ кард ва сурат ва дастонашро то оринҷ шуст, баъд аз он бар сари худ об рехт ва сипас баданаро шуст, пас аз он андаке ба гуша рафт ва пойҳояшро шуст, порчае барояш овардам, онро нагирифт, бо дасташ обро меафшонд) [Ба иттифоқи Бухорӣ].

Чигунагии ғусл аз ин қарор аст:

1. Ҳар ду кафи дастро ду ва ё се бор мешӯяд.

2. Олати таносулии худро мешӯяд.

3. Дасташро ду ва ё се бор ба замин ва ё ба девор мезанад.

4. Монанди вузуи намоз, вузу мекунад, бидуни ин, ки масҳи сар кунад ва ё пойҳояшро бишӯяд.

5. Об бар сараш мерезад.

6. Соири аъзои баданашро мешӯяд.

7. Ба гушае меравад ва пойҳояшро мешуяд.

Он чӣ бар ҷунуб ҳаром аст

1- Намоз

Ба далели фармудаи Аллоҳи мутаъол: (Эй касоне, ки имон овардаед, ба намоз наздик нашавед, дар ҳоле, ки шумо маст бошед, то замоне, ки он чиро мегӯед, бидонед ва ҳамчунин агар ҷунуб будед, то замоне, ки ғусл кунед, магар ин, ки обири сабил бошед). (Нисо 43)

2- Тавофи Байтулҳаром

Ба далели фармудаи он ҳазрат (с): (Тавофи Байтуллоҳ ба манзалаи намоз аст) [ Ба ривояти Насоӣ].

3- Ламси мусҳаф

Ба далели фармудаи Худованди мутаъол: (Ба ҷуз аз покон, онро ламс намекунанд). (Воқеъа 79)

ва фармудаи он ҳазрат (с): (Мусҳафро ҷуз пок, каси дигаре ламс намекунад) [Имом Молик дар Муватта, ривоят кардааст].

4- Тиловати Қуръон

Аз Алӣ (р) ривоят аст, ки фармуд: (Расули Аллоҳ (с) аз байтулхало берун мешуд, барои мо ¬Қуръон мехонд ва бо мо гушт мехурд, ҳеҷ чизе монеъи хондани Қуръон намешуд, агар ҷанобат, набуд) [Ба ривояти Тирмизӣ].

5- Таваққуф дар масҷид, магар ин, ки роҳгузар бошад

Ба далели фармудаи Аллоҳи мутаъол: (Эй касоне, ки имон овардаед! Ба намоз наздик нашавед дар ҳоле, ки шумо маст бошед, то замоне, ки он чиро мегӯед, бидонед ва ҳамчунин агар ҷунуб будед, то замоне, ки ғусл кунед, маган ин, ки обири сабил бошед) (Нисо 43).

намоз
Тавофи Байтуллоҳ
Ламси мусҳаф
Қироати Қуръон
Таваққуф дар масҷид

Ғуслҳои мустаҳаб

1. Ғусл барои ҷумъа

ба далелли фармудаи он ҳазрат (с): (Касе барои ҷумъа вузур кард, хуб аст ва касе, ки ғусл кунад, пас бехтар аст) [Ба ривояти Абӯдовуд].

2. Ғусл барои эҳром бастани Умра ва Ҳаҷ

Аз Зайд бин Собит (р) ривоят аст, (ки Набии акрам (с)ро дидааст, ки барои эҳром либосашро аз тан берун карда, ғусл намуд) [ Ба ривояти Тирмизӣ].

3. Ғусл кардан па с аз ғусл додани мурда

ба делели фармудаи он ҳазрат (с): (Касе, ки мурдаро ғусл дод, бояд худаш низ ғусл кунад) [ Ба ривояти Ибни Моҷҷа].

4. Ғусл кардан баъд аз омезиши (хамбистарӣ) заношӯи

Аз Абӯрофеъ (р) ривоят аст, ки Набии акрам (с) рӯзе бо ҳамсронаш омезиш карданд, назди ҳар як аз онон ғусл намуданд.

Ровӣ мефармояд: (гуфтам: эй Расули Аллоҳ (с)! Барои ҳама як ғусл намекунед?, фармуданд: Ин хубтар ва поктару тароватмандтар аст) [Ба ривояти Абӯдовуд].