Таҳорат

4047

Ҳайз, истиҳоза ва нифос

Ҳайз

Таърифи ҳайз

Ҳайз дар луғат

Сайлон ва равон будани чизе.

Ҳайз дар шариат

Хунест, ки аз раҳми зан дар ҳоли саломатӣ ва сиҳаташ дар вақтҳои муайяне ва бидуни сабабе, хориҷ мешавад.

Васфи хуни ҳайз

Аз шиддати сиёҳӣ, монанди сухта менамояд, бо дард ҳамроҳ аст. Бӯи бад дорад, зан дар ҳоли ҳайз эҳсоси ҳарорати шадид мекунад.

Синни ҳайз

Барои оғози ҳайз, сини муайяне нест, балки тибқи табиати зан ва муҳити зист ва обу ҳаво, мутафовит мебошад, пас ҳар вақте, ки зане ҳайз бинад, ҳоиз шумурда мешавад.

Муддати ҳайз

Барои ҳайз, муддати муайяне, вуҷуд надорад, бархе аз занон, се рӯз ва бархи дигар чаҳор рӯз ҳайз мебинад, вале ағлаби муддати ҳайз, шаш ё ҳафт рӯз мебошад,

ба далели фармудаи Набии акрам (с) ба Ҳамна бинти Ҷаҳш- ки рӯзҳои зиёде хун медид-: «Дар имли Худо шаш ва ё ҳафт рӯз ҳайз мебинӣ, пас аз он ғусл бикун» [Ба ривояти Абӯдовуд].

Масоил

1. Асл дар зан инаст, ки дар ҳоли бордорӣ, ҳайз намебинад. Агар қабл аз вазъи ҳамл, ба муддати кӯтоҳе хунризӣ кард, ки ҳамроҳ бо вилодат буд, хуни нифос аст.

агар ин хунрезӣ бо вилодат ҳамроҳ набуд ва ё ин, ки бо вилодат, муддати зиёде фосила дошт, хуни ҳайз мебошад.

2. Агар зане пеш аз вақти одаташ ва ё пас аз он, ҳайз дид, монанди ин, ки бояд дар аввали моҳ медид, пас дар охири моҳ ҳайз дид ва ё ин,

ки муддати одати ҳайзаш афзоиш ва ё коҳиш, ёфт, тавре, ки дар одат шаш рӯз ҳайз медид.

пас ба ҳафт рӯз афзоиш ёфт, ба ин мавзуъ таваҷҷуҳе намешавад,, пас ҳар вақте, ки хун дид, ҳайз аст ва ҳар замоне, ки пок шуд, туҳр аст.

3. Покии зан, бо хуруҷи қиссаи сафед дониста мешавад, ки иборат аст аз моъеи сафедест, ки пас аз таваққуфи ҳайз, хориҷ мешавад-.

Агар моеъи сафед хориҷ нашуд, пас аломати покии ӯ, хушкшудан аст, яъне пахтаи сафеде дар фарҷаш бигзорад, хушк берун шавад ва дар он ҳеҷ чизе дида нашавад.

Аз аҳкоми ҳайз

1. Ҳукми тирагӣ ва зардӣ

Таърифи зардӣ ва тирагӣ
Зардӣ:

хуни зардест, ки аз зан мебарояд.

Ва тирагӣ:

хуни тераест, миёни зардӣ ва сиёҳӣ.

Ҳукми тирагӣ ва зардӣ

Ҳаргоҳ зане хуни зард ва ё тирае миёни зардӣ ва сиёҳӣ бубинад, ва ё ин, ки танҳо рубубат ва тарӣ эҳсос кард, аз ду холат холӣ нест:

1. Ё ин, ки дар муддати ҳайз ва ё муттасил ба он қабл аз туҳр бубинад.

Дар ин ҳолат, ҳукми ҳайз собит аст, ба далели ҳадиси Ойша (р), ки дар он аз таваҷҷуҳи занон ба ранги хун ишора дошта, чуноне, ки пахтаро бо ранги зард медиданд, мефармуданд: «Аҷала накунед, то ин, ки пахтаро сафед бинед», ва ғаразашон покӣ аз ҳайз буд» [Ба ривояти Молик].

2. Ё ин, ки дар муддати туҳр бошад

Дар ин ҳолат, эътиборе надорад ва бар он вузу ва ғусл воҷиб нест, ба далели фармудаи Умми Атия, ки дар он мегӯяд: «Мо тирагӣ ва зардии баъд аз туҳро муътабар намешуморидем» [ Ба ривояти Абӯдовуд].

Аломати покӣ
Шакли зарда
Шакли тира

2. Ҳукми инқитоъи ҳайз

Агар зане рӯзе хун дид ва рӯзи дигар пок буд ва монанди он, ин вазъ аз ду ҳол холӣ нест:

1. Чунин вазъ дар ҳамаи авқот, идома меёбад

Ин хуни истиҳоза аст.

2. Ё ин, ки дар вазъи мунқатеъ бошад

Тавре, ки бархе авқот меояд ва дар бархе авқоти дигар, пок мебошад, ва ҳукми он чунин аст:

Якум: Агар муддати инқитоъи хун, камтар аз як рӯз бошад, ин муддат аз ҳайз шумурда мешавад.

Дуввум: Агар дар муддати покӣ далеле бар он ёфт, монанди ин, ки аз покӣ ва туҳр, маҳсуб мешавад, чӣ кам бошад ё зиёд ва ё ин, ки аз як шабу рӯз, камтар бошад.

Истиҳоза

Таърифи Истиҳоза

Истиҳоза

Сайлони хун аз фарҷи зан, тавре ки аз он мунқатеъ нагардад.Ё ин, ки инқитоъи хун ба муддати кӯтоҳе бошад.

Фарқ миёни хуни ҳайз ва истиҳоза

Хуни ҳайз Хуни истиҳоза
Сиёҳи тира Сурхи тунук
Дорои бӯи бад Бӯй надорад
Баста намегардад (лахта намегардад) Баста мешавад (лахта мегардад)
Аз умқи раҳм мебарояд Аз раге наздики раҳм мебарояд
Хуни саломатӣ ва табиъист Хуни иллат ва беморӣ ва фасод аст
Дар вақтҳои маълуме, мебарояд Дорои авқоти маълуме нест

Аҳволи мустаҳоза

Ҳолати аввал: ин, ки барои ҳайз одати маълуме дошт, қабл аз истиҳоза.

Дар ин ҳолат ба андозаи одаташ, ҳайз шумурда мешавад ва боқии моҳ истиҳоза мебошад, ба далели ҳадиси Ойша (р), ин, ки Фотима бинти Абӯҳубайш (р) фармуд: «Эй Расули Аллоҳ (с)! Ман пок намешавам, оё намозро тарк кунам? Расули Аллоҳ (с) фармуданд: На! ин асари рагест, локин намозро ба миқдори рӯзҳое, ки қаблан ҳайз медидӣ, тарк кун ва сипас ғусл кун ва намоз бихон» [Ба ривояти Бухорӣ] .

Ҳолати дуввум: Ин, ки одати маълуме надошта, вале миёни хуни ҳайз ва истиҳоза, фарқ карда метавонад

Ин зан бо шинохтани фарқ, амал мекунад, ба далел он чӣ дар ҳадиси Фотима бин Абӯҳубайш (р), ки мустаҳоза буда, Набии акрам (с) барояш фармуд: «Агар хуни ҳайз бошад, хуни сиёҳ буда, ки шинохта мешавад, агар чунин буд, аз намоз иҷтиноб кун ва агар чизи дигар буд, пас вузу бикун ва намоз бихон, зеро чунин чизе, раге беш нест» [Ба ривояти Абӯдовуд].

Ҳолати саввум: ин, ки одати маълуме надошта ва миёни он ду фарқ кардан ҳам наметавонад

Ин зан ба одати ғолиби занон амал мекунад, муддати шаш ё ҳафт рӯз аз ҳар моҳ буда, ки аз ибтидои рӯзҳое, ки хун мебинад, оғоз мешавад ва боқии он, истиҳоза шумурда мешавад.

ба далели фармудаи Набии акрам (с) ба Ҳамна бин Ҷаҳш (р): «Дар илми Аллоҳ шаш ё ҳафт рӯз ҳайз мебинӣ, пас аз он ғусл кун, агар покӣ ва нақоват дидӣ, пас бисту се ё бисту чаҳор шабу рӯз, намоз бихон ва рӯза бигир, ҳамин бароят басанда аст ва дар ҳар моҳ чунин бикун, монанди ин, ки занон ҳайз мебинанд ва чуноне, ки пок мешаванд дар авқоти ҳайзашон ва туҳрашон» [Ба ривояти Абӯдовуд].

Ҳолати чаҳорум: Дорои одати маълум буд ва тавони фарқ карданро низ дорад

Ин зан тибқи одати худ ҳисоб мекунад, на ба тавоноии фарқ, зеро ки одат барои зан, зобитаест, агар одаташро фаромӯш кард, ба тавоноии фарқ, амал кунад.

Масоил

1. Агар зане замони ҳайзашро медонад, вале рӯзҳои ҳайзашро фаромӯш карда, бояд ба одати ғолиби занон, ҳисоб кунад.

2. Агар зане шумори рӯзҳои ҳайзашро медонад, вале замони ҳайзашро, ки аввали моҳ буда ва ё охири моҳ, фаромӯш карда, аз авали моҳ ба шумори рӯзҳое, ки ҳайз медид, ҳисоб кунад, агар бигӯяд .

ки дар нимаи моҳ ҳайз медид, вале наметавонад таъйин кунад, дар ин ҳолат аз ибтидои нимаи моҳ ба миқдори рӯзҳое, ки ҳайз медид, ҳисоб кунад, зеро ки нима ба таъйини вақти ҳайзаш, наздиктар мебошад.

3. Замоне, ки муддати ҳайз поён ёфт ва ҳанӯз ин зан мустаҳоза буд, ғусл мекунад ва қитъаи порчаро бар фарҷаш мегузорад ва аҳкоми туҳрро дар меёбад, намоз мехонад ва рӯза мегирад .

хуне, ки баъд аз вузу кардан аз вай хориҷ мешавад, зараре надорад, зеро,к и вай маъзур буда, дар таҳорат ва покӣ се ҳолат дорад:

- Якум: пас аз дохил шудани вақти ҳар намоз барояш вузӯ кунад, пас аз ин, ки фарҷашро бишӯяд ва ё порчаро ба он бибандад, ба далели фармудаи он ҳазрат (с) ба Ҳамна бинти Ҷаҳш (р): «Пас аз он барои ҳар намоз вузӣ бикун ва намоз бихон» [Ба ривояти Абӯдовуд].

- Дуввум: Намози зуҳрро то андаке қабл аз вақти аср, таъхир кунад, пас аз он ғусл намуда, зуҳр ва асрро бихонад, ба ҳамин тартиб намозҳои дигарро низ бихонад .

ба далели фармудаи он ҳазрат (с) ба Ҳамна бинти Ҷаҳш (р): «Ва агар тавони таъхири зуҳр ва таъҷили асрро доштӣ, бояд ғусл карда, миёни ду намози зуҳр ва аср ҷамъ кунӣ ва намози мағрибро таъхир карда ва ишоро таъҷил кунӣ, сипас ғусл карда байни ду намоз, ҷамъ кунӣ, чунин бикун ва барои намози фаҷр, ғусл кунӣ, чунин бикун ва рӯза бигир агар тавонашро доштӣ» [Ба ривояти Абӯдовуд].

- Саввум: барои ҳар намоз ғусл кунад, ба далели он чӣ собит шуда, «Умми Ҳабиба (р) ба мудати ҳафт сол мустаҳоза шуд, аз Расули Аллоҳ (с) дар ин маврид пурсид, он ҳазрат (с) амр карданд, ки ғусл кунад ва барои ҳар намоз ғусл мекард» [Ба ривояти Бухорӣ].

4. Агар ба зане ба ҳар иллате, монанди амали ҷарроҳии раҳм, хунрезӣ барояш рӯх дод, ин хун аз ду ҳолат холӣ нест:

- Якум: Агар маълум шуд, ки ҳайз мебинад.

Барояш ҳукми истиҳоза собит намешавад, аз адои намоз дар ҳеҷ вақте имтиноъ намеварзад ва ин хун, хуни иллат ва фасод аст ва барои ҳар намоз, вузуи ҷадид мекунад.

- Дуввум: Агар маълум шуд, ки мумкин аст, ҳайз бубинад.

Барояш ҳукми истиҳоза аст.

5. Омезиш ва муҷомаъати зани мустаҳоза, ҷавоз дорад, зеро шариат мамонеате надорад.

Нифос

Таърифи Нифос

Нифос

Хуне, ки аз раҳми зан ба сабаби вилодат, хориҷ мешавад.

Муддати нифос

Барои камтарин муддати нифос, ҳадде вуҷуд надорад, аксари муддати нифос, ғолибан чиҳил рӯз мебошад, магар ин, ки пеш аз ин муддат пок шавад, ғусл мекунад ва намоз мехонад.

Аз аҳкоми нифос

1. Агар зане таваллуд кард ва ҳеҷ хуне надид - чунин вазъе ба надрат хоҳад буд- вузӯ карда намоз мехонад, бар вай ғусл лозим нест.

2. Агар хунрезӣ аз чиҳил рӯз бештар шуд ва одаташ чунон буд, ки пас аз чиҳил рӯз, қатъ шавад ва ё аломоте барои поён ёфтанаш, дида шуд,

мунтазир бимонад, то хунрезӣ поён ёбад, агар идома ёфт, ин зан мустаҳоза аст ва барояш тамоми аҳкоми истиҳоза, собит мешавад.

3. Агар қабл аз чиҳил рӯз пок шуд ва қабл аз сипарӣ шудани чиҳил рӯз, хунрезӣ ду бора шуд, бояд бубинад:

- Якум: Агар бовар дошт, ки хуни нифос аст, пас ҳамон тавр аст.

- Дуввум: Агар бовар дошт, ки хуни нифос нест, пас вай дар ҳукми покист.

4. Нифос замоне собит мешавад, ки вилодати он чӣ, ки дар он хилқати инсон возеҳ аст, сурат гирад, агар ҷанине, ки хилқаташ комил набошад, аз раҳм биафтад, аз се ҳолат холӣ нест:.

- Якум: Агар пас аз чиҳил рӯзи аввал бошад, ин хуни фосид аст, бояд ғусл кунад ва намоз бихонад ва рӯза бигирад.

- Дуввум: Агар баъд аз ҳаштод рӯз буд, ин хуни нифос аст.

- Саввум: Агар миёни чиҳил рӯз то ҳаштод рӯз буд.

Дар мавридаш дида мешавад: агар дар он аломатҳои хилқати инсон дида шуд, хуни нифос аст ва дар ғайри ин сурат, хуни фосид аст.

Он чӣ дар ҳолати ҳайз ва нифос ҳаром аст

1. Омезиш ва муҷомаъат (ҳамбистарӣ)

Ба далели фармудаи Аллоҳи мутаъол: «Ва аз ту мепурсанд дар мавриди ҳолати қоидагии зан, бигӯ: он азият ва осеб аст, пас дарин ҳолат аз занон канораҷӯи кунед, то замоне, ки пок нашудаанд, наздикӣ накунед, вақте, ки пок шуданд, бо онҳо ба шевае, ки Худованд амр карда, омезиш кунед, Худованд тавбакунандагон ва низ мутаҳҳиринро дӯст медорад» (Бақара 222)

Ва ба далели фармудаи Набии акрам (с) пас аз нузули ин оят: «Ба ҷуз аз муҷомиат, ҳар чизи дигаре, ки хоста бошед, анҷом диҳед» [Ба ривояти Муслим].

- Масоил

1. Ҳар, ки ҳамсарашро дар ҳолати ҳайз, муҷомиат кунад, гунаҳкор аст, бояд каффора бидиҳад. Бар вай каффора аст, агар чӣ ба ризо ва рағбати ҳамсараш ҳам бошад.

Ва кафора, миқдори садақа додан ба вазни як динор ва ё ним динор тилло аст, ба далели ҳадиси Ибни Аббос (р), ки аз Набии акрам (с) дар мавриди касе, ки бо ҳамсараш дар ҳолати ҳайз омезиш, кунад, фармудаанд: «Як динор ва ё ним динор, садақа бидиҳад» [Ба ривояти Муслим].

Ва динор = 4.25 грамм тилло .

2. Зани ҳоиза агар пок шуд, то замоне, ки ғусл накарда, шавҳараш наметавонад бо вай муҷомиат кунад, ба далели фармудаи Аллоҳи мутаъол: «Ва бо онҳо наздикӣ макунед, то ин, ки пок шаванд». (Бақара 222),

яъне аз хун, пас аз он фармудааст: «Замоне, ки пок шуданд» (Бақара 222),

яъне ғусл карданд, пас аз он Аллоҳи мутаъол фармуд: «Ба шевае, ки Аллоҳ амр карда, ба онҳо биёед»(Бақара 222),

яъне: муҷомеат ва омезиш кунад.

2. Намоз

Ба далели фармудаи Набии акрам (с): «Ҳаргоҳ ҳайз пеш омад, намозро тарк кун ва ҳаргоҳ баргашт, хунро аз худ бишӯй ва намозро бихон» [ Ба ривояти Абӯдовуд].

- Масоил

1. Замоне, ки пок шуд, ба вай иъодаи намозҳои қазошуда нест, ба далели он чӣ, ки аз Ойша (р) ривоят шуда, замоне, ки аз қазои рӯза бидуни намоз фармуд: «Ин амр ба мо низ мерасад, барои қазои рӯза ба мо амр мешуд ва барои қазои намозҳо, амр намешуд» [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].

2. Агар зани ҳоиз ба миқдори адои як ракаъат аз вақти ҳар намозро чӣ аз аввалаш ва чӣ аз охираш, дарёбад, бар вай адои намози комил воҷиб аст.

Агар вақти камтар аз адои як ракаъатро дарёфт, бар вай адои ҳамон намоз воҷиб нест, ба далели фармудаи Набии акрам (с): «Ҳар ки як ракаъат намозро дарёбад, бидуни тардид, намозро дарёфтааст» [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].

3. Руза

Ба далели фармудаи он ҳазрат (с): «Оё чунин нест, ки дар ҳангоми ҳайз, намоз намехонад ва рӯза намегирад? Фармуданд: оре!» [Ба иттифоқи Бухорӣ].

- Масъала

Агар зани ҳоиз, қабл аз тулуъи фаҷр, пок шуд ва рӯза гирифт, рӯзааш дуруст аст, агар чӣ баъд аз тулуъи фаҷр, ғусл кардааст.

4. Ламси мусҳаф

Ба далели фармудаи Аллоҳи мутаъол: «Ба ҷуз покшудагон, онро ламс намекунанд». (Воқеа 79).

Ва фармудаи он ҳазрат (с): «Мусҳафро ҷуз пок, каси дигаре, ламс намекунад» [Молик дар Муватта ривоят кардааст].

5. Тавофи Каъба

Ба далели фармудаи Набии акрам (с) ба Ойша (р), замоне, ки ҳайз дида: «Он чӣ ҳоҷӣ анҷом медиҳад, ту низ анҷом деҳ, магар ин, ки Байтуллоҳро, то ҳангоме, ки пок нашудаи, тавоф макун» [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].

Ва низ ба далели ҳадиси Ибни Аббос (р), ки фармуд: «Ба мардум амр шуда, то охирин аҳдашон ба Байтуллоҳ тавофи (видоъ) бошад, магар дар мавриди зани ҳоиз, ин амр тахфифёфта, яъне тавофи видоъ, ба вай лозим нест» [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].

6. Таваққуф дар масҷид, магар ин, ки раҳгузар бошад

Ба далели фармудаи Аллоҳи мутаъол: «Эй касоне, ки имон овардаед, ба намоз наздик нашавед, дар ҳоле, ки маст бошед , то замоне, ки он чиро мегӯед, бидонед ва ҳамчунин агар ҷунуб будед, то замоне, ки ғусл кунед, магар ин, ки раҳгузар бошед». (Нисо 43).

Ва низ ба далели фармудаи Набии акрам (с): «Ман масҷидро бар ҳоиз ва ҷунуб, ҳалол намедонам» [ Ба ривояти Абӯдовуд].

- Масоил

Агар зани ҳоиз, эҳтиёт намояд ва бим олуда шудани масҷид набошад, боке нест, ки аз он убур кунад, ба далели ом будани фармудаи Аллоҳи мутаъол: «Магар ин, ки раҳгузар бошад». (Нисо 43).

Бар зани ҳоиз таваққуф дар намозгоҳи ид, ҳаром аст, ба далели фармудаи Набии акрам (с): «Занони ҳоиз, аз намозгоҳ, канор раванд» [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим] .

7. Талоқ

Бар шавҳари зани ҳоиз, талоқи ҳамсараш дар ҳолати ҳайз, ҳаром аст, ба далели фармудаи Аллоҳи мутаъол: «Эй Набӣ! Агар занонро талоқ мекардед, ононро дар иддаашон талоқ кунед» (Талоқ 1) .

яъне дар вазъе бошанд, ки иддаи маълумро вақти талоқ, истиқбол кунанд.

Ва талоқ кардани зани ҳоиз, бо вуҷуди ҳаром ва бидъат буданаш, талоқ воқеъ мешавад.