Ҳаҷ

2428

Аҳкоми Ҳаҷ ва Умра

Ҳаҷ

Таърифи Ҳаҷ

Ҳаҷ дар луғат

Қасд ва таваҷҷуҳ кардан аст.

Ҳаҷ дар шариат

Қасди Макка рафтан дар вақти муайян, барои анҷоми маносики махсус.

Ҳукми Ҳаҷ ва фазилати он

Ҳаҷ рукне аз аркони панҷгонаи Ислом аст, ки Аллоҳи мутаъол бар бандагонаш фарз гардонидааст.

Аллоҳи мутаъол фармудааст: (Ва барои Аллоҳ аст бар мардум Ҳаҷҷи хонаи Каъба, бар касоне, ки тавони рафтан ба онро доранд ва касе, ки кофир шуд, Аллоҳ аз ҷаҳониён бениёз мебошад) (Оли Имрон 97).

Ва Набии акрам (с) фармуданд: (Ислом бар панҷ чиз бино шуда: Шаҳодат додани ин ки илоҳе ҷӯз Аллоҳ нест ва Муҳаммад (с) банда ва фиристодаи ӯст ва барпо доштани намоз ва додани закот ва Ҳаҷҷи хонаи Каъба ва рӯзаи Рамазон) [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].

Ва низ Набии акрам (с) фармуданд: (Касе, ки ҳаҷ кард, дар он фаҳш нагуфт [Ба фаҳш гуфтан низ итлоқ мешавад] ва маъсияте [Маъсият] муртакиб нашуд, гуноҳони гузаштааш, бахшида мешавад). [Ба ривояти Тирмизӣ]

Шурути ҳаҷ

1. Ислом аст

Пас бар кофир воҷиб нест ва аз ӯ дуруст нест.

2. Ақл аст.

Пас ба девона воҷиб нест, ба далели фармудаи Набии акрам (с): (Қалам аз се кас бардошта шуда: Аз хобида то бедор шавад ва аз кӯдак то болиғ гардад ва девона то оқил шавад) [Ба ривояти Абӯдовуд]

3. Болиғ шудан

Пас бар кӯдак воҷиб нест ва агар эҳром ба Ҳаҷ баст, ҳаҷаш дуруст аст, вале аз ҳаҷҷи Ислом, ки фарз аст, кифоят намекунад, балки ҳаҷҷи нафлӣ барояш мебошад,

ба далели ҳадиси Ибни Аббос (р), ки зане кӯдакеро ба Расули Аллоҳ (с) баланд кард ва гуфт: оё барои ин ҳаҷ аст? фармуданд: (Оре! ва барои ту низ аҷр аст). [Ба ривояти Муслим]

Муҳрим шудани кӯдак барои ҳаҷ ҷоиз аст

4. Озодӣ

Пас барои барда воҷиб нест, ба далели фармудаи Набии акрам (с): (Ҳар бардае, ки ҳаҷ кард ва пас аз он озод шуд, бар вай ҳаҷи дигаре лозим аст). [Ба ривояти Муслим]

5. Тавонои

Яъне доштани ҳазинаи масорифи хуроку пӯшок ва василаи сафар, ба далели фармудаи Аллоҳи мутаъол: (Ва барои Аллоҳ аст бар мардум ҳаҷҷи хонаи Каъба бар касоне, ки тавоноии рафтан ба онро доранд). (Оли Имрон 97).

6. Вуҷуди маҳрам барои зан

Ба далели ҳадиси Ибни Аббос (р), ки фармуд: Набии акрам (с)ро ҳангоми хутба шунидам, ки мефармуданд: (Зан сафар накунад, магар ҳамроҳи соҳиби маҳраме), марде бархост ва гуфт: Эй Расули Аллоҳ (с): Ҳамсарам барои ҳаҷ хориҷ шуда ва ман ба ғазваи фалон ва фалон меравам, он ҳазрат фармуданд: (Бирав бо занат ҳаҷ бикун). [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим]

Ниёбат кардан дар ҳаҷ

Касе, ки аз ҳаҷ кардан нотавон бошад, ба иллати солхурдагӣ ва ё беморие, ки умеди шифо ёфтан аз он нест ва ё ба сабаби заъфи баданӣ, тавре, ки тавони савор шудани восили сафарро надорад, бар вай лозим аст, ки барои ҳаҷ ва умра кардан касеро аз ҷониби худ ноиб бигирад.

Агар баъд аз эҳром бастани ноибаш ба ҳаҷ ва ё умра шифо ёфт, аз вай кофист.

Аз Фазл бин Аббос (р) ривоят аст, ки зане аз Хасъам гуфт: (Эй Расули Аллоҳ (с)! бар падарам фаризаи ҳаҷ аст, дар ҳоле, ки бисёр солхурдааст, наметавонад бар пушти шутур қарор гирад! Фармуданд: “Ба ҷои ӯ ҳаҷ кун”). [Ба ривояти Тирмизӣ]

Марди нотавон аз ҳаҷ

- Барои касе, ки дар ҳаҷ аз шахси дигаре ниёбат мекунад, шартҳои зер муътабар аст:

1. Шурути ёдшудаи ҳаҷ дар вай таҳаққуқ ёбад.

2. Касе, ки ба ниёбат ҳаҷ мекунад, бояд пеш аз ин барои худаш, Ҳаҷ карда бошад. Агар касе ба ниёбат аз дигаре Ҳаҷ кард ва ҳанӯз барои худаш Ҳаҷ накарда буд,

ин Ҳаҷ барои худаш саҳеҳ аст ва ҳамон ҳаҷҷи Ислом барояш, шумурда мешавад, на барои дигаре ва далели он ҳам ривояти Ибни Аббос (р),

ки Набии акрам (с) мардеро шунид, ки мегуфт: (Лабайка ан Шибрима. Фармуд: Шибрима кист? Он мард гуфт: Бародари ман ва ё хешованди ман аст! Фармуданд: оё худат Ҳаҷ кардаи? Гуфт: на! Фармуданд: Аз худат Ҳаҷ кун, пас аз он, аз Шибрима). [Ба ривояти Абӯдовуд]

Умра

Таърифи Умра

Умра дар луғат

Зиёрот

Умра дар шариат

Зиёрати Байтуллоҳи ҳаром дар ҳар вақт, барои анҷоми маносики махсус.

Ҳукми Умра ва фазилати он

Умра кардан як бор дар умр, монанди ҳаҷҷи воҷиб аст, ва назди барзхе аз имомон, суннат аст, ба далели фармудаи Набии акрам (с): (Ислом инаст, ки шаҳодат диҳӣ, илоҳе ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад (с) фиристодаи Аллоҳ аст ва намозро барпой дорӣ ва ҳаҷҷи Байтуллоҳоро анҷом диҳӣ ва умра намои ва аз ҷанобат ғусл кунӣ ва вузуро хуб анҷом диҳӣ ва Рамазонро рӯза бигирӣ). [Ба ривояти Ибин Хузайма]