Ҳаҷ

2061

Нусук ва лабайк гуфтан

Нусук

Таърифи нусук

Нусук дар луғат

Зуҳд ва ибодат

Нусук дар шариат

Он чиро, ки ҳоҷӣ ва умракунанда мегӯяд ва амалӣ мекунад.

Нияти нусук

Касе, ки иродаи эҳром бастан дошт, ғусл кардан ва покизагиро тамом кард ва либоси эҳромро бар тан намуд ва мардон либосҳои духташударо аз тан берун карданд, пас ният духул дар нусукро мекунад, чӣ Ҳаҷ бошад ва ё Умра ва мустаҳаб аст,

то нусукеро, ки адо карда, талаффуз кунад ва агар иродаи Умра ва баъд аз он ҳаҷҷи таматтуъро дорад, бигӯяд: ((لبيك اللهم عمرة متمتعا بها إلى الحج)) ва ё ((لبيك اللهم عمرة))

ва сипас ҳангоми ҳаҷ кардан ((لبيك اللهم حجا)) ва агар нияти ҳаҷи муфрадро дорад, мегӯяд: ((لبيك اللهم حجا)) ва касе, ки иродаи қирон миёни Ҳаҷ ва Умраро дорад, чунин гӯяд: ((لبيك اللهم حجا وعمرة)),

ба далели ҳадиси Анас (р), ки фармуд: ((Расули Аллоҳ (с)ро шунидам, ки фармуданд: “ لبيك عمرة وحجا”)) [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим]

ва агар бар забон талаффуз накард, нияти қалбии вай кифоят мекунад.

Анвоъи нусук

1. Таматтуъ:

Онаст, ки дар моҳҳои ҳаҷ барои Умра эҳром намояд ва сипас баъд аз итмомаш аз эҳром берӯн шуда, аз холоти таҳлил баҳраманд шавад, баъд аз он дар ҳамон сол барои ҳаҷ бори дигар эҳром бандад.

2. Қирон:

Онаст, ки барои Ҳаҷ ва Умра бо ҳам эҳром намояд.

3. Ифрод:

Онаст, ки танҳо барои Ҳаҷ эҳром бандад.

Фарқ миёни нусукҳои сегона

  Таматтуъ Қирон Ифрод
Васф Умра пас аз Ҳаҷ Умра ва Ҳаҷ Ҳаҷҷи танҳо
Эҳром Ду бор эҳром мебандад, яке барои Умра ва баъд аз баҳрамандӣ аз ҳолати таҳлил, барои Ҳаҷ бори дигар эҳром мебандад. Барои Ҳаҷ ва Умра як бор эҳром мебандад. Барои Ҳаҷ танҳо як бор эҳром мекунад
Лаббайк гуфтан Ҳангоми эҳроми аввал мегӯяд: ((لبيك عمرة)), сипас замони эҳром бастан ба Ҳаҷ мегӯяд: ((لبيك حجا)) ва ин, ки мегӯяِд: ((لبيك عمرة متمتعا بها إلى الحج)). Ҳангоми эҳром бастан мегӯяд: ((لبيك عمرة وحجا)). Ҳангоми эҳром бастан мегӯяд: ((لبيك حجا)).
Ҳадй Ҳадй дар он воҷиб аст Ҳадй дар он воҷиб аст Ҳадй дар он вобиб нест
Тавоф Дар он ду тавоф аст, якум барои Умра ва дуввум барои Ҳаҷ Дар он як тавоф лозим аст, ки тавофи Ҳаҷ мебошад Дар он як тавоф лозим аст, ки тавофи Ҳаҷ мебошад
Саъй Дар он ду саъй аст: якум барои Умра ва дуввум барои Ҳаҷ. Дар он як саъй аст, ки саъйи Ҳаҷ мебошад Дар он танҳо як саъй аст, ки саъйи Ҳаҷ мебошад

Лаббайк гуфтан

Таърифи талбия

Лаббайк гуфтан

Гуфтани муҳрим:

((لَبَّيْكَ اللَّهُمَّ لَبَّيْكَ، لَبَّيْكَ لاَ شَرِيكَ لَكَ لَبَّيْكَ، إِنَّ الْحَمْدَ وَالنِّعْمَةَ لَكَ وَالْمُلْكَ، لاَ شَرِيكَ لَكَ)).

Ба далели ҳадиси Ибни Умар (р), ки дар он омадааст, талбияи Расули Аллоҳ (с) ҳамим тавр буд.. [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим]

Ва маънои : ((لبيك اللهم لبيك)) Иҷобат ба ту баъд аз иҷобат.

Ва талбия мутазамини сипос ва шукр барои Аллоҳи мутаъол буда ва ҷавоби амри ӯ ва изҳору ваҳдонияти ӯ ва бароат аз ширк мебошад

Ҳукми талбия

Лаббайк гуфтан суннат аст. Мардон бо садои баланд ва занон бо садои паст аз бими фитна, талбия мегӯянад.

Замон ва мазъеи талбия гуфтан

Муҳрим пас аз эҳром бастан, талбиягӯиро оғоз мекунад ва дар роҳ талбияти бисёр мегӯяд.

Ва дар ҷойҳои бисёре муаккад аст, аз ҷумла:

- Замоне, ки ба баландӣ боло мешавад ва ё ба водие поён мешавад ва ё намози фарзе адо мекунад ва ё замоне, ки шаб ва рӯз фаро мерасад.

- Талбия гуфтан дар Умра бо дидани Байтуллоҳ ва ламс кардани Ҳаҷарул-асвад, поён медиҳад ва дар Ҳаҷ замоне ба задани Ҷамра ва Ақаба дар рӯзи ид, оғоз мекунад, талбия гуфтанро мутаваққиф месозад.