Ҳаҷ

2890

Таърифи муқаддимавӣ дар мавриди ҳаҷ

Маккаи Мукаррама аз нигоҳи таърих ва воқеъият

Маккаи Мукаррама

Исмест, иштиқоқшуда аз калимаи Сомӣ (Бак), яъне водӣ

Номи Макка ба лафзи Бакка дар ин фармудаи Худои таъоло зикр шудааст: (Нахустин хонае, ки барои ибодати мардум бино шуда, ҳамонаст, ки дар Бакка буда, муборак ва ҳидоятаст барои ҷаҳониён) (Оли Имрон 96).

Таърихи Маккаи Мукаррама ба қарни нуздаҳи қабл аз милод дар аҳди саидино, Иброиҳим ва Исмоил (а), нахустин сокинони он буданд.

Аллоҳ ба нақл аз Иброҳим (а) мефармояд: (Парвардигоро! Ман баъзе аз фарзандонамро (ба фармони ту) дар сарзамини бидуни кишту зироат, дар ҷивори хонаи мукаррами ту, искон додам. Худовандо! то ин, ки намозро барпой доранд, пас чунон кун, ки дилҳои гуруҳе аз мардумон мутаваҷҷеҳи онон гардад ва эшонро аз меваҳо баҳраманд фармо, шояд, ки сипосгузорӣ кунанд) (Иброҳим 37).

Ва аз баракати дуои саиди мо, Иброҳим (а) оби замзам аз зери пойҳои Исмоил (а), замоне, ки обу ғизои модараш, Ҳоҷар, хотима ёфта буд, ҷуш зад, аз ҳамон ҳангом, қабоили Араб ба мавзеъи об рӯ оварданд ва зиндагӣ дар он дамида шуд.

Қабоил ҳамчунон ба ҷойгузин шудан идома доданд ва рӯз ба рӯз теъдодашон афзуд, то ин ки султа ба Қурайш расид, то дар онҷо ҳокимият намояд.

Билохира Набии акрам (с) зуҳур намуданд, ки дар тағйири зиндагӣ дар Маккаи Мукаррама ва Ҷазираи араб ва ҷаҳон таъсири басазое, доштанд.

Набии акрам (с) дар Маккаи Мукаррама ба паёмбарӣ мабъус шуданд ва Каъбаи муаззама, қиблаи мусалмонон шуд ва Маккаи Мукаррама гаҳвораи даъвати Ислом гардид,

вале мардумонаш пеш аз ҳама аз он мутанаффир шуданд ва мусалмононро озору шиканҷа медоданд, то ин, ки мусалмонон ба ҳиҷрат ба Мадина Мунаввара, маҷбур шуданд ва давлати Исломӣ дар онҷо, ташкил гардид.

Пас аз он Набии акрам (с) фотеҳона вориди Маккаи Мукаррама гирдид ва аз он замон то асри мо, сарзамини Ислом будааст.

Маккаи Мукаррама –ба вижа Ҳарами Маккии шариф- мавриди таваҷҷуҳ ва эҳтимоми хулафо ва ҳокимони мусалмон буда, ки ба тавсеъа ва такомули он даст задаанд ва онро ба маркази нӯрафшонии Ислом ба ҷаҳониён табдил намуданд.

Фазилати Маккаи Мукаррама

1. Амният аст, барои касе, ки ба он ворид мешавад

Аллоҳи мутаъол фармудааст: (Ва ҳар кас вориди он шуд, дар амният мебошад). (Оли Имрон 97), яъне: Ҳарами Макка.

2. Даҷҷол ва тоъун ба он дохил намешавад

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят шуда, ки фармуд: Набии акрам (с) фармуд: (Мадина ва Макка аз фариштагон мамлӯъ мебошанд, бар сари ҳар роҳи он фариштаест, Даҷҷол ва Тоъун ба онҳо дохил намешавад). [Ба ривояти Аҳмад]

3. Намози дар Масҷиди ҳаром баробари ҳазор намоз аст

Аз Ҷобир (р) ривоят аст, ки Набии акрам (с) фармуданд: (Як намоз дар Масҷиди Ҳаром, бартарӣ дорад ба сад ҳазор намоз дар ғайр аз он).[Ба ривояти Ибни Моҷҷаҳ]

4. Маҳбубтарин сарзамини назди Аллоҳи мутаъол

Расули Аллоҳ (с) фармуданд: (Қасам ба Аллоҳ, ки ту беҳтарин сарзамини Аллоҳ ҳастӣ ва маҳбубтарин сарзамин дар назди Аллоҳ мебошӣ). [Ба ривояти Тирмизӣ]

Маккаи Мукаррама

Аҳкоми хос барои Маккаи Мукаррама ва Ҳарами шариф

1. Ваъиди сахт барои касест, ки дар Ҳарам ба фикри баде афтад, чӣ онро амалӣ созад ва ё насозад.

Аллоҳи мутаъол мефармояд: (Ва ҳар касе, ки дар он аз рӯи зулм, иродаи маъсияти Худо бикунад, вайро аз азоби дардноке мечашонем) (Ҳаҷ 25).

Ва الحاد: яъне, ҳар гуна маъсияти Худованд.

Ва аз Ибни Аббос (р) ривоят шуда, ки Набии акрам (с) фармуданд: (Бадтарини мардум назди Аллоҳ, се шахс ҳастанд) ва аз миёни онҳо (мулҳиде, ки дар Ҳарам бошад). [Ба ривояти Бухорӣ]

2. Ҷанг ва хунрезӣ дар он, ҳаром аст

Аллоҳи мутаъол фармудааст: (Ва замоне, ки хонаи Каъбаро савобгоҳ ва амн барои мардум гардонидем) (Бақара 125).

Пас ҳар касе, ки ба Маккаи Мукаррама ворид мешавад, дар амн аст ва ба ҳамин далел Набии акрам (с) фармуданд: (Барои ҳеҷ яки шумо, ҳалол нест, ки дар Макка, силоҳ бардорад) [Ба ривояти Муслим]

ва ҳамчунин Набии акрам (с) фармуданд: (Аллоҳи мутаъол Маккаи Мукаррамаро ҳаром гардонида ва мардум онро ҳарам накардаанд, пас барои касе, ки ба Аллоҳ ва рӯзи охират имон дорад, ҳалол нест, ки дар он даст ба хунрезӣ бизанад ва дарахтонаш низ қатъ намешавад) [Ба ривояти Бухорӣ].

Бардоштани силоҳ дар Ҳарам

3. Дохил шудани куффор ва мушрикон дар ҳарами Макка, низ ҳаром аст.

Аллоҳи мутаъол фармудааст: (Эй касоне, ки имон овардаед! Мушрикон палиданд, пас аз имсол набояд ба Масҷиди Харом наздик нашаванд) (Тавба 28) .

Набии акрам (с), ки дар Мино буданд, амр карданд, ки эълом шавад: (Пас аз ин сол дигар мушрике набояд Ҳаҷ кунад ва касе бараҳна хонаи Худоро тавоф накунад). [Ба ривояти Бухорӣ]

4. Ҳурмати шикор ва ҳурмати буридани дарахтон ва ҳурмати гирифтани чизҳои ёфташуда дар Ҳарам.

Аз Ибни Аббос (р) ривоят шуда, ки Набии акрам (с) фармуданд: (Аллоҳи мутаъол Маккаи Мукаррамаро ҳаром гардонид, барои ҳеҷ касе пеш аз ман ва баъд аз ман ҳалол нашуда ва танҳо барои ман соате аз рӯз ҳалол гардонида шуд. гиёҳи тари он дарав [Он чӣ ёфта шавад ва соҳибашро надонад] ва дарахтонаш қатъ нашавад [Гиёҳҳони тари онро қатъ кунанд] ва низ сайдаш шикор нашавад [Қатъ мешавад] ва ҳамчунин ёфташудаашро касе набардорад, магар касе, ки соҳибашро бишиносад) [Ба ривояти Бухорӣ].

Машъарҳои Ҳаҷ

Машъарҳои Ҳаҷ

Алоими зоҳирие, ки ибодати Ҳаҷро бартарӣ медиҳад.

1. Арафот

Арафот, муфради он арафа аст ва Арафот номгузорӣ шуда ба хотири шиносои Одам ва Ҳаво дар онҷо ва ё ин, ки мардум дар онҷо ба гуноҳонашон эътироф мекунанд.

Ва Арафот машъарест, хориҷ аз ҳудуди Ҳарами Маккӣ ва дар самти ҷанубшарқи Масҷиди Ҳаром дар фосилаи 22 километр, ҷойгир аст.

масоҳати тамомии он 10.4 км мураббаъ мебошад ва Ҳоҷиён дар нуҳуми моҳи Зулҳиҷҷа дар он ҷо ҷамъ мешаванд.

Арафот

- Масҷиди Намра

Намра куҳест дар самти ғарби Масҷид, ки ба номи масҷиди Намра ёд мешавад. Набии акрам (с) дар васати водии Арна фуруд омада ва хутба ва намоз дар онҷо хондаанд.

Масҷиди Намра дар авоили хилофати Аббосиён дар ҳамон мавзеъе бино шуда, ки Набии акрам (с) дар васати водии Арна, хутба ва намоз хондаанд.

Масҷиди Намра дар аҳди Саудӣ тавсиъа ва густариш дода шуда, ки акнун масоҳати он беш аз 110 ҳазор метри мураббаъ мебошад ва Ҳоҷиён дар рӯзи нуҳуми Зулҳиҷҷа дар он ҷо ҷамъ мешаванд.

Масҷиди Намра

- Масҷиди Сахрот

Дар доманаи Ҷабали Раҳмат, самти рости болораванда ва дар онҷо сангпораҳои бузургест, ки Расули Аллоҳ (с) дар шомгоҳи Арафа наздаш истодаанд. Ҳоҷиён дар рӯзи нуҳуми моҳи Зулҳиҷҷа дар онҷо ҷамъ мешаванд.

Масҷиди Сахрот

- Ҷабали Раҳмат

Куҳи кӯчакест, ки аз сангҳои бузург ташкил шуда, дар фосилаи 20 км шарқи Маккаи Мукаррама, ҷойгузин аст ва сатҳаш паҳну васеъ аст ва муҳит он 640 метр мебошад ва Ҳоҷиён болои он дар рӯзи нуҳуми Зулҳиҷҷа барои ниёиш, ҷамъ мешаванд.

Ҷабали Раҳмат

2. Мино.

Мино бо ин ном номгузорӣ шуда, ба сабаби ин, ки дар он хунҳои қурбониҳо мерезад ва дар фосилаи 7 км миёни Макка ва Муздалифа, мавқеъият дорад.

Ҳоҷиёни шаби Арафа ва Ҳоҷиёне, ки шитоб доранд, шабҳои 11-12 Зулҳиҷҷаро ва онҳое, ки бихоҳанд таъхир кунанд, шаби 13ро низ дар онҷо сипарӣ мекунанд.

Мино аз машоир буда, ки дохили марзҳои Ҳарам мебошад. масҷиди Хиф ва ҷамароти сегона низ дар онҷо, воқеъ ҳастанд.

Мино

- Ҷамарот

Ҷамарот ҷамъи ҷамраҳ, яъне сангрезаҳои кӯчак.

Ҷамороти сегона, бархе аз маносик дар Мино мебошад: Ҷамраи суғро, ҷамраи вусто ва ҷамраи ақаба аст, ки иборат аз сутунҳои сангист дар миёни ҳавзҳои сегона, қарор дорад ва нишонаи ҳамон маконест, ки шайтон дар онҷо зоҳир шуда ва ҳазрати Иброиҳим (р) онро санг зад.

Фосилаи миёни ҷамраки Ақаба ва вусто тақрибан 247 метр ва миёни ҷамраи Вусто ва Суғро, тақрибан 200 метр мебоашад.

- Масҷиди Хиф

Дар доманаи ҷанубии куҳи Мино ва дар наздикии ҷамраи Суғро, воқеъ аст.

Масҷиди Хиф

3. Муздалифа

Муздалифа мавзеъест байни Мино ва Арафот, ки Ҳоҷиён пас аз вуқуф дар Арафот, шабро дар он ҷо сипарӣ мекунанд. Дар маркази Муздалифа Машъарул-ҳаром воқеъа аст, ки мустаҳаб аст.

Ҳоҷиён дар назди он биистанд ва ёди Аллоҳ намоянд ва шукру сипос гӯянд ва дуои бисёр кунанд ва Ҳоҷиён дар баргашт аз Арафот, ки пас аз ғуруби офтоби 9 Зулҳиҷҷа аст, шабро дар онҷо сипарӣ кунанд.

Муздалифа

4. Масҷиди Ҳаром

Ҳамон Байтуллоҳи Ҳаром аст ва дар он чандин нишонҳои зоҳирест, ки муҳимтарини онҳо:

- Каъбаи мушаррафа аст

Каъбаи мушаррафа шакли мукаъабро дорад

- Ҳиҷри Исмоил

Ва он ҳамон бахши шимолии хонаи Каъба аст, ки Қурайш дар асари камбуди мол, замоне, ки хонаи Каъбаро дубора бино карданд, натавонистанд шомили он созанд,

пас девори қавсӣ ки Ҳатим ном дорад, бар он заданд, то аломате бошад бар ин, ки инҷо бахше аз Байтуллоҳ аст.

Ин номгузорӣ аз сӯи умуми мардум буда, асоси шаръӣ надорад.

- Ҳаҷарул-асвад

Дар гӯшаи ҷануби Каъба ва дар самти чапи дари Каъба қарор дорад ва сангест аз биҳишт, ки шикаста шуда ва ҳашт сангрезаи он, ки ҳар як ба ҳаҷми хурмо мебошад,боқӣ мондааст.

- Гушаи Ямонӣ

Ҳамон гушаи ҷанубғарбии Каъба аст, ки рукни Ямонӣ номида мешавад, зеро ки дар тарафи Яман қарор дорад ва аз имтиёзоти рукни Ямонӣ инаст,

ки бар бунёди аввалини Байтуллоҳ, ки Иброҳим ва Исмоил (а) хонаи Каъбаро баланд карда буданд, бино шудааст.

- Мултазам

Ҳамон мавзеъеаст, ки миёни Ҳаҷарул-асвад ва боби Каъба аст ва ба андозаи ду метр мебошад, ки мавзеъи қабули дуо аст ва суннат аст, то дар ҳангоми дуо кардан, рӯ, сина ва банду кафи дастонро ба он бичаспонанд.

Ҳаҷарул-асвад
Рукни Ямонӣ
Мултазам
Каъбаи мушаррафа