Ҳаҷ

3154

Эҳром

Таърифи эҳром

Эҳром дар луғат

Манъ

Эҳром дар шариат

Нияти духул дар нусук муттасил ба амал аз аъмоли Ҳаҷ.

Мустаҳаботи эҳром

1. Ғусл кардан

Аз Хориҷа бин Зайд бин Собит (р) аз падараш ривоят аст, ки (Набии акрам (с) ро дидааст, ки барои дохил ба эҳром, либосҳояшро кашида ва ғусл кардаанд). [Ба ривояти Тирмизӣ]

2. Назофат

Яъне: Муйҳои зери бағал ва зери нофро тарошидан ва кӯтоҳ карди муилаб ва нохунҳо.

3. Хушбӯи

Ба далели ҳадиси Ойша (р), ки фармуд: (Ман ба Расули Аллоҳ (с) барои муҳрим шудан, хушбӯи мезадам, дар ҳангоме, ки муҳрим мешуданд) [Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим].

Ва ба либосҳои эҳромӣ хушбӯи назананд, ба далели фармуди Расули Аллоҳ (с):(Либосҳоеро, ки ба онҳо заъфарон ва варс [Варс: Гиёҳест зардранг ва хушбӯест, ки ҷомаро ба он ранг мекунанд] задаанд, напӯшед). [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим]

Хушбӯи

4. Мард бояд либоси духташударо қабл аз эҳром аз тан берун кунад ва ду порчаи с афед, яке изор ва дигареро ридо бисозад ва ду чаплак ба по кунад.

Ба далели фармудаи Набии акрам (с): (Ва яке аз шумо бо изор ва ридо ва чаплақ, эҳром кунад ва агар чаплақ наёфт, музаҳояшро то буҷилак бибурад ва бипушад) [Ба ривояти Аҳмад]

ва аммо зан бо ҳар либосе ва ба ҳар ранге, ки бошад, метавонад эҳром кунад, вале аз пӯшидани либоси пурзавқу барқ ва ташбеҳ ба мардон иҷтиноб кунад ва ҳамчунин дар ҳолати эҳром ниқоб напӯшад ва дасткашҳо низ дар даст накашад.

Изор ва ридо барои муҳрим
Дасткашҳо барои зани муҳрим
Чаплақ барои муҳрим
Ниқоб барои зини муҳрима

Мамнуъоти эҳром

1. Пушондани сар бо чизи часпида ба он

Ба далели ҳадиси Ибни Умар (р), ин, ки марде гуфт: Эй Расули Аллоҳ (с) ! муҳрим чӣ либосе бипӯшад?, фармуданд: (Пироҳан ва дастору изорҳо [Он чӣ, ки шалвор намида мешавад] ва либосеро, ки кулоҳаш ба он муттасил бошад [Баронс: Ҳар ҷомае, ки кулоҳаш бо он муттасил бошад], напӯшед) [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].

Ва Расули Аллоҳ (с) дар мавриди муҳриме, ки вафот кард, фармуданд: (Ва сарашро [Бар сараш чизе, ки онро бипӯшонад, нагузоред] напӯшонед, зеро дар рӯзи қиёмат талбиягӯён, бармехезад). [Ба ривояти Бухорӣ]

Ва агар ба сараш часпида набуд, монанди чатр ва ё хайма ва ё сақфи утоқ, сақфи мошини саворӣ, гуноҳе бар муҳрим нест.

Дастор барои муҳрим
Пӯшидан шалвор барои муҳрим
Кулоҳ барои муҳрим
Соябон барои муҳрим

2. Пӯшидани духташуда барои мард

Ва мақсуд аз духташуда: он чизест, ки ба андозаи бадан ва ё узве аз он духта бошанд, монанди, курта ва изор, ё шим, ҷураб, даскашаку муза ва монанди онҳо,

ба далели ҳадиси Ибни Умар (р), ки қаблан тазаккур дода шуд: (Пироҳан ва дастон ва изор ва ҷомаеро, ки кулоҳаш муттасил ба он бошад, напӯшед). [Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим]

Агар касе, ки иродаи эҳромро намуд, порчае, ки онро изор бисозад надошт, метавонад шилворашро бипӯшад то замоне, ки порчае барои эзор кардан биёбад,

агар чаплақ наёфт, ҳамон музаҳояшро бипӯшад, ба далели фармудаи Набии акрам (с): (Агар чаплақ наёфт, музаҳояшро то буҷулак бибурад ва сипас онро бипӯшад) [Ба ривояти Ибни Хузайма]

Ҷомае, ки кулоҳаш ба он муттасил бошад
Пӯшидани духташуда барои муҳрим
Чаплақ
Муза барои муҳрим

3. Куштани шикори хушкӣ ва ё сайд карданаш

Ба далели фармудаи Аллоҳи мутаъол: (Шумо дар ҳоле, ки муҳрим бошед, сайдро накушед) (Моида 95).

Яъне: Шумо, вақто муҳрим барои Ҳаҷ ва Умра ҳастед. Ва фармудаи Аллоҳи мутаъол: (Ва бар шумо сайди хушкӣ, то замоне, ки муҳрим бошед, ҳаром аст) (Моида 96).

Мурод аз сайди хушкӣ: онаст, ки аз ҳайвонот ва парандагони ваҳшии мубоҳ бошад.

Аммо ҳайвоне, ки аҳлӣ бошад, сайд нест, пас барои муҳрим забҳи мурғ ва ҳайвоноти дигар ҷоиз аст ва аммо сайди баҳру дарё дуруст аст,

ба далели фармудаи Аллоҳи мутаъол: (Сайди баҳр ва дарё барои шумо ҳалол аст ва ҳамчунин таъомаш) (Моида 96).

Аммо ҳайвоне, ки хурданаш ҳаром аст монанди каждум, барои муҳрим куштанаш ҷоиз аст ва ҳамчунин ҳар ҳайвоне, ки бар вай ҳамла кунад ва ҷуз куштан василаи дигаре барои дафъи зарараш набошад, куштани ин ҳайвон барои муҳрим ҷоиз аст.

Каждум
Сайди дарё ва баҳр барои муҳрим ҷоиз аст
Шикори парандагони саҳроӣ
Мор
Забҳи ҳайвонот ҷоиз аст

4. Тарошидани мӯй ва ё кӯтоҳ кардан ва кандан

Ба далели фармудаи Аллоҳи мутаъол: (Ва сарҳоятонро натарошед, то замоне, ки ҳадйи шумо ба маконаш нарасида аст) (Бақара 196),

бино ба қиёс ба мӯи сар, ин наҳй шомили мӯи тамоми бадан мегардад.

Тарошидан ва кӯтоҳ кардан

5. Кӯтоҳ кардани нохунҳо

Чӣ нохуни даст бошад ва ё по.

Кӯтоҳ кардани хонуни по
Кӯтоҳ кардани нохунҳ даст

6. Хушбӯи дар бадану либост

Пас аз дохил шудани ба эҳром барои муҳрим, хушбӯи задан ба бадан ва либоси эҳромаш, мамнуъ аст ва ё ин, ки қасди буидан онро бикунад,

ба далели ҳадиси ривоятшудаи қаблӣ аз Ибни Умар (р), ки дар он омадааст: (Либосҳоеро, ки ба он заъфарон ва варс [Гиёҳи зардест дорои бӯи хуш, ки либосҳоро ба он ранг мекунанд] задаанд, напӯшед) [Ба ривояти Бухорӣ]

ва низ ба далели ҳадиси муҳриме, ки вафот кард, фармуданд: (Ба кафанаш ҳанут [Ҳанӯт истеъмол кунед ва ҳанӯт махлуте аз хушбӯи аст, ки дар кафанҳои мурдагон мезананд], ки (хушбӯии кафани мурда аст) назанед). [Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим]

Хушбӯи задан ба бадани муҳрим
Хушбӯи истеъмол кардан дар либоси муҳрим

7. Ақди никоҳ бастан

Ба далели ҳадиси Усмон (р), ки Расули Аллоҳ (с) фармуданд: (Муҳрим никоҳ намекунад ва никоҳ карда намешавад ва низ хостгорӣ ҳам намекунад) [Ба ривояти Бухорӣ].

8. Омезиш ва ҳамбистарӣ

Ҳамон бистарӣ ва омезиш дар шармгоҳ аст, ба далели фармудаи Аллоҳи мутаъол: (Пас касе, ки дар ин моҳҳо ҳаҷро ба худ фарз кард, пас аз ҳамбистарӣ ва омезиш, дурӣ ҷӯяд) (Бақара 197).

Ибни Аббос (р) фармуд: (Ҳамон ҳамбистарӣ ва омезиш (ҷимоъ) аст), ки аз сахтарин мамнуъоти эҳром мебошад.

9. Омезиш дар ғайри шармгоҳ

Монанди бӯсидан ва ламс кардан, зеро, ки васила барои омезиш бар муҳрим аст.

Мамнуъоти эҳром барои зан

Зан монанди мард аст дар ҳамаи мамнуъот ва нисбат ба мард дар мавридҳои зер мутафовит мебошад:

1. Либоси духташударо мепӯшад.

2. Сарашро мепӯшонад.

3. Ниқоб намепӯшад [Ниқоб: Он чизе, ки зан рӯяшро бо он мепӯшонад] ва дасткашҳо [Дасткаш] ба даст намекунад, ба далели фармудаи Расули Аллоҳ (с): (Зани муҳрима ниқобу дасткаш намепӯшад). [Ба ривояти Мулим]

Ва зан дар ҳолати вуҷуди мардони бегона, рӯяшро мепӯшонад, тавре, ки чодарро аз сараш меовезад ва барояш ороиш бо зевароти тиллои, мубоҳ аст.

Роҳнамоиҳо

1. Он чӣ, ки ду ракаат суннати эҳром номида шуда, асосе надорад, вале агар баъд аз намози фарзе ва ё баъд аз ду ракаат таҳияи вузӯ,

эҳром баст, боке надорад, ҳамо тавре, ки дуои муайяне ҳангоми эҳром бастан, вуҷуд надорад.

2. Агар сафар бо ҳавопаймо бувад ва бими он меравад, ки либоси эҳромро дар баробари миқот пушида натавонад, пас либоси эҳромро аз хона ва ё фурудгоҳ бипӯшад, муҳрим нест, то замоне ки қабл аз расидан дар баробари миқот, нияти эҳром накунад.

3. Баъзе аз ҳоҷиён шонаи рости худро ҳангоми эҳром бастан, бараҳна мекунанд. Ин ҳамон чизест, ки изтибоъ номида мешавад.

Ин кор дуруст нест, зеро ки изтибоъ бояд дар ҳангоми тавофи қудум риъоят шавад ва дар ғайри он бояд шонаи рост низ пӯшонида шавад.

Бараҳна кардани шона

Аз аҳкоми эҳром

Агар ҳангоми масҳи сар дар вузу кардан ва ё ғусл кардан, чанд мӯе бирезад ва ё ҳаминтавр чанд мӯи риш ё муйлабҳояш рехт ва ё аз нохунаш чизе ҷудо шуд, то замоне, ки қасдӣ набошад, ҳеҷ зараре надорад. Зану мард дар ин маврид як ҳукм дорад.

Барои муҳрим, бастани бандож (бинт) бар пояш, агар ба он ниёзе дошт ва манфиъате дар он нуҳуфта буд, дурус аст.

- Шарт кардан дар ният :

Касе, ки бемор бувад ва ё аз он бим дошт, ки монеъе барои анҷоми нусукаш пеш ояд, барояш мустаҳав аст, дар ҳангоми нияти эҳром намудан бигӯяд:

(Лабайкаллоҳума барои Умра ва ё ғайр аз он, агар монеъе бароям рух дод, дар ҳомон ҷое, ки монеъ воқеъ шавад, худро аз эҳром ҳалол месозам).

Аз Ойша (р) ривоят аст, ки фармуд: Расули Аллоҳ (с) бар Субоға бинти Зубайр ворид шуданд ва барояш фармуданд: (Шояд, ки иродаи Ҳаҷ кардаи?), посух дод: (Қасам ба Аллоҳ, ки худро чизе ҷуз бемор намеёбам), барояш фармуд: (Ҳаҷ бикун ва шарт бигзор ва инчунин бигӯ: Эй бори Худоё! Агар монеъе пеш омад, ҳамонҷо худро ҳалол месозам) [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].

Агар чунин гуфт ва барояш монеъе пеш омад, ҷоиз аст, ки бидуни кадом чизе аз эҳром хориҷ шуда, ба холати таҳлил дарояд.