Ҳаҷ

2109

Қурбонӣ

Таърифи қурбонӣ

Қурбонӣ

Он ҳайвони чаҳорпое, ки дар рӯзҳои қунбонӣ барои тақарруб ба Аллоҳи мутаъол забҳ шавад.

Ҳукми қурбонӣ

Назди Аҳноф, воҷиб аст бар касоне, ки тавоноии онро дошта бошанд ва назди ҷумҳур суннати муаккада аст, ба далели фармудаи Аллоҳи мутаъол: ((Пас барои Парвардигорат намоз бихон ва қурбонӣ бикун)) (Кавсар 2).

Ва ба далели ҳадиси Анас (р): ((ки Набии акрам (с) ду гусфанди сиёҳ ва сафеди [Гусфанде, ки сиёҳ ва сафед буда, ки сафедияш бештар бошад] шохдорро [Шохдор] бо дасти худашон, бисмиллоҳ гуфта, дар ҳоле, ки як пояшонро ба гушаи шонаи онҳо гузошта, забҳ карданд)). [Ба ривояти Тирмизӣ]

Вақти забҳи қурбонӣ

Вақти забҳи қурбонӣ баъд аз намози иди қурбон оғоз мешавад ва то ғуруби офтоби охирин рӯзи аёми наҳр, ки рӯзи дувоздаҳум назди Аҳноф аст ва рӯзи сездаҳум назди ҷумҳури уламо.

Басанда дар қурбонӣ

1. Як гусфанд аз як шахс басанда аст ва метавонад бо худ касони дигареро, ки хоста бошад, дар аҷраш шарик созад, зеро, ки Расули Аллоҳ (с) замоне,

ки қурбонияшонро забҳ карданд, фармуданд: ((Ба номи Аллоҳ, эй бори Худоё аз Муҳаммад ва Оли Муҳаммад ва умати Муҳаммад, қабул фармо)). [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим]

2. Як шутур ва ё як гов барои ҳафт нафар кофист, пас ширкати ҳафт нафар дар қурбонии як шутур ва ё як гов ҷавоз дорад,

ба далели фармудаи Ҷобир (р): ((Пас Расули Аллоҳ (с) ба мо амр карданд, ки дар шутуру гов, ширкат кунем, дар ҳар шутур [Шутур, чӣ нар бошад ва ё мода] ҳафт нафари мо)). [Ба ривояти Муслим]

Умри басанда дар қурбонӣ

- Ҷазаъ: гусфанде, ки шашмоҳа бошад.

- Санӣ аз буз: оне, ки як сола бошад.

- Санӣ аз гов: Оне, ки ду сола бошад.

- Санӣ аз шутур: Оне, ки панҷсола бошад.

Айбҳои қурбонӣ

1. Айбҳои монеъи басандагӣ [Монеъи басандагӣ: Яъне бо мавҷудияти он, қурбонӣ дурус нест]

- Ҳайвоне, ки як чашмаш кур бошад ва нобиноро низ дарбар мегирад.

- Ҳайвоне, ки як пояш ланг буда, роҳ рафта натавонад.

- Ҳайвони лоғаре, ки дар устухонаш мағз надошта бошад.

Маризе, ки беморияш возеҳ бошад.

Ва далели он ҳадиси Баро бин Озиб (р): ин, ки Расули Аллоҳ (с) фармуданд: ((Ҷавоз надорад, қурбонӣ кардани ҳайвоноти кури возеҳ ва ланги возеҳ ва бемори возеҳ ва лоғаре, ки дар устухонаш мағз надошта бошад)) [Ба ривояти Муслим]

ва ҳар айби дигаре , ки монанди онҳо буда, ё бадтар аз он бошад, ба онҳо мепайвандад.

Ҳайвоне, ки як пояш ланг буда, роҳ рафта наметавонад.
Ҳайвоне, ки лоғар буда, ки устухонаш мағз надошта башад.
Ҳайвоне, ки як чашмаш кур бошад ва набиноро низ шомил мешавад.

2. Айбҳое, ки монеъи басандагӣ намешавад.

- Оне, ки дум надошта бошад.

- Оне, ки ҳанӯз шох набароварда бошад.

- Оне, ахта шуда бошад.

- Ҳайвоне, ки дар гушаш буридагӣ ва ё порагӣ ва ё шохаш шикастагӣ бошад.

Дар шохаш шикастагӣ бошад
Оне, ки ҳанӯз шох набароварда.
Оне, ки дум надошта бошад.

- Огоҳӣ:

Он чӣ дар мавриди қурбонӣ, ҷавоз дорад, ё надорад гуфта шуд, барои ҳадй ва фидя низ гуфта мешавад.

Тақсим кардани гушти қурбонӣ

Машруъ онаст, ки соҳибаш як ҳиссаро бихурад ва як ҳиссаи дигарро ҳадия бидиҳад ва саввум ҳиссаи охирро садақа бидиҳад.

Агар ҳамаи онро садақа дод, дуруст аст ва агар бештари онро бихурад, низ боке надорад.

Огоҳиҳо

1. Қурбоникунанда ва ҳадйкунанда бояд таваҷҷуҳ намояд, ки аз ин гуштҳо истифода шавад, зоеъ нагардад, чуноне, ки баъзе зоирин ҳайвонро забҳ мекунанд ва пуст нокарда ва пора накарда дар ҳамон ҷо раҳо мекунанд, пас касе аз он истифода намекунад.

2. Касе, ки иродаи қурбонӣ карданро дорад, барояш раво нест, ки пас аз духули моҳи Зулҳиҷҷа, чизе аз муйҳо, нохунҳо ва пусти баданашро бигирад, то замоне, ки қурбонӣ кунад.

Ба далели ҳадиси Умми Салама (р), ки Набии акрам (с) фармуданд: ((Замоне, ки даҳа фаро расид ва яке аз шумо иродаи қурбонӣ карданро дошта бошад, пас аз мӯйҳои худ ва пусташ чизе нагирад)) [Ба ривояти Муслим],

аммо касе, ки аз онҳо қурбонӣ мешавад, монанди аҳл ва фарзандон, барои онҳо гирифтани чизе ҳаром намебошад.